Ба муносибати ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барномаи консертӣ таҳти унвони “Иди дӯстӣ” бо иштироки устодони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, Фаррух Зокиров, Юлдуз Усмонова, Нигина Амонқулова ва дигарон баргузор мегардад.
Тавре Оҷонсии «АП» хабар додааст, сафари роҳбари Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Душанбе санаи 9-10 марти соли ҷорӣ дар назар аст.
Барномаи консертӣ шоми 9-уми март дар бинои Кохи Борбад бо иштироки сарояндагону мусиқанавозони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд. Дар ин консерт Ӯзбекистонро санъаткорон Юлдуз Усмонова, Шералӣ Ҷӯраев, Фаррух Зокиров, Озодбек Назарбеков муаррифӣ хоҳанд кард.
Аз Тоҷикистон дар ин консерт сарояндагони маъруфи тоҷик Давлатманд Холов, Нигина Амонқулова, сарояндаи опера Рустам Дулоев ва дигарон ширкат хоҳанд кард.
Дар баробари сарварони ду давлат, дар назар аст ин консерти муштаракро намояндагони расмии Ӯзбекистон, аъзои ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон, корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва фаъолони кишвар тамошо кунанд.
Зарринаи Ғайрат