Дар толори осорхонаи давлатии “Шараф”, воқеъ дар Боғи ғалабаи шаҳри Тошканд, ба муносибати 76-умин солгарди пирӯзӣ бар фашизми Олмон дар мавзӯи “Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърих ва хотираи мардуми Осиёи Марказӣ: Ҳодисаҳо, ширкаткунандагон, рамзҳо” конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Муассисии ин конфаронси байналмилалиро Осорхонаи давлатии “Шараф”-и Боғи ғалаба, Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Пажуҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ ва Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон бар дӯш доштанд.

Дар конфаронси мазкур сафирони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, ҳамчунин атташеҳои ҳарбии Ҳиндустон, ИМА, Лаҳистон, Индонезӣ, Кувайт, Фаронса, Хитой, Куриёи Ҷанубӣ, Италия ва амсоли он ширкат карданд.

Гуфта шуд, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҳодисаҳои фоҷиабортарин дар таърихи қарни гузашта маҳсуб меёбад. Он бештар аз 60 давлати ҷаҳонро фаро гирифта буд ва 70 миллион қурбонӣ бар ҷой гузошт.

Ба таъкиди суханварони конфаронси байналмилалӣ маҳз иттиҳоду ҳамбастагии мардуми собиқ шӯравӣ буд, ки фашизм маҳв карда шуд. Пирӯзӣ дар ин ҷанги оламшумул мардуми зиёдро аз истибдоду асорат ва ҳалокати нобудшавӣ  наҷот бахшид.

Маълум шуд, ки ба корзори ин ҷанг аз Ӯзбекистон 1 миллиону 951 ҳазор ҷавонмардон  сафарбар шудаанд. Аз ин шумор дастикам 540 ҳазор ҷони худро аз даст додаанд ва 158 ҳазор нафар беному нишон шудаанд. 800 ҳазор нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд ва бо азияти зиёд аз олам даргузаштаанд.

Аз ҷанговарони Ӯзбекистон 120 ҳазор нафар сазовори ордену медалҳо шудаанд. 301 нафар ба гирифтани унвони “Қаҳрамони Иттиҳоди шӯравӣ” сазвор гардидаанд.

Гуфта мешавад, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба муносибати 76-солагии Ғалаба ҳар як иштирокчии ҷанги дуюми ҷаҳонро бо  12 миллион сӯмӣ сарфароз гардонид.

Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ мардуми Ӯзбекистонро бо фарорасии иди Ғалаба бар фашизм самимона шодбош гуфт. Баъд дар бораи он иаваққуф намуд, ки кишвараш дар ин ғалабаи бузург ва таърихӣ чи саҳм гирифтааст.

-Дар ҷанге, ки қурбонии аз ҳама зиёд барҷо гузтштааст, тақрибан 300 ҳазор ҷанговарони тоҷик иштирок кардаанд.  92 ҳазори онҳо дар майдонҳои набард ва муҳорибаҳои беамон ҷасорату қаҳрамононии беназир нишон додаанд ва барои озодии Ватан ҷони худро нисор намудаанд,-изҳор кард Содиқ Имомӣ.

Вай илова намуд, аз шумори онҳое, ки ба ҷанги зидди фашизм сафарбар шудаанд, 204 ҳазор нафар ба хонаҳои худ баргаштаанд.

-Боиси ифтихори умум аст, ки 58 тоҷикписар барои ҷасорату мардонагӣ дар муҳорибаҳои шадиду хунин бо ордену медалҳои ҷангӣ сазовор гардидаанд. 54 нафар ҷанговари тоҷик ба гирифтани унвони баланд-Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ноил шудаанд,-зикр намуд сафири тоҷик Содиқ Имомӣ.

Тавре ки вай ишора кард, санаи Ғалаба бар фашизм дар таърихи инсоният аз санаҳои хеле муҳим ба шумор меравад, барои ҳамин дар фазои шӯравии собиқ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 май ба таври васеъ ва бошукӯҳ таҷлил мегардад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь