Шабакаи забони англисӣ бидуни марз (EWB)  27-28-уми октябр бо иштироки зиёда аз сад омӯзгори забони англисӣ ва меҳмонон аз хориҷи кишвар конфронси  байналмилалӣ баргузор кард. Ин бори сеюм аст, ки дар Тоҷикистон чунин конфронс доир мегардад.

Дар ин конфронс аз минтақаҳои гуногуни кишвар фаъолтарин омӯзгорони забони англисӣ ҷамъ омадаанд, то аз навтарин фановариҳои имрӯз ва истифодаи усулҳои нави омӯзиш таҷриба гиранд ва дар минтақаҳо ин таҷрибаҳоро татбиқ ва мубодила кунанд. Мақсади баргузории конфронс омӯзонидани мафҳум ва муҳимияти зеҳни сунъӣ дар самти пешбурди забони англисӣ аст.

Кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кери Ли қайд кард, ки мақсади аввалиндараҷаи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон  ин дастгирии омӯзиши забони англисӣ аст, чун забони англисӣ калиди рушди иқтисодиёт ва пеш бурдани муносибатҳои дуҷониба аст. Дар даҳ соли охир зиёда аз 4600 омӯзгори забони англисӣ аз ҷониби Сафорати Амрико дастгирӣ ёфтаанд ва айни ҳол Сафорат барои омӯзгорон ва донишҷӯёни тоҷик барномаҳои махсус амалӣ мекунад. Имрӯз 10 мутахассиси забони англисӣ дар 8 маркази амрикоӣ, ки дар саросари Тоҷикистон ҷойгиранд, фаъолият мебаранд.

Яке аз блогерони маъруф Олимҷон Ҷӯраев, ки асосан тариқи шабакаи иҷтимоии Instagram омӯзиши забони англисиро ба роҳ мондааст ва ҳамчун фрилансер фаъолият мебарад, қайд кард, ки технология асоси кори ӯро ташкил медиҳад, зеро ӯ платформаҳои гуногуни омӯзиширо истифода мебарад ва ҳамаи дарсҳои ӯ тариқи онлайнӣ мегузаранд. “Имрӯз бо воситаи зеҳни сунъӣ кори мо хеле осон шудааст, масалан, барои тайёр кардани тест, бозӣ ва машқҳои гуногун  як “нохун задан” кифоя аст”, – қайд кард ӯ.

Зеҳни сунъӣ дар баробари манфиатҳояш боиси нигаронии баъзе нафарон гардидааст ва суоле ба миён меояд, ки оё зеҳни сунъӣ фаъолияти омӯзгориро ҳамчун касб зери суол намебарад?

Ба андешаи Олимҷон новобаста аз он, ки зеҳни сунъӣ то чӣ андоза пеш меравад ва барномаҳо то чӣ андоза равнақ меёбанду технологияи инноватсионӣ рушд мекунанд, коре, ки мағзи инсон карда метавонад, яъне алоқа ва таъсире, ки аз наздик мешавад, тамоман дигар аст.

Омӯзгори забони англисӣ дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Сарвиноз Комилова, ки дар оғози конфронси мазкур ба ӯ ҷоизаи “Беҳтарин омӯзгори навовар” супорида  шуд, чунин изҳор кард: “Ин ҷоизаро ба ман ба он хотир супориданд, ки ман дар рафти дарсҳо аз технология ва усулҳои нав истифода мебарам ва ҳаракат мекунам, ки дарсҳоям шавқовар бошанд. Дар рафти дарс бештар ба донишҷӯ диққат медиҳем, зеро донишҷӯ дар маркази омӯзиш бояд бошад. Инчунин, аз сайтҳои шавқовар, чун интерактивӣ низ истифода мебарем. Ба андешаи ман ягон зеҳни сунъӣ ё технология ҷойи омӯзгорро гирифта наметавонад.”

Бори нахустин моҳҳои апрел-майи соли 2023 Шабакаи забони англисӣ бидуни марз се конфронси минтақавӣ барои омӯзгорони забони англисӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтари Тоҷикистон ташкил карда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь