3-юми май – Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод, дар Душанбе дар конфронси байналмилалии “Ёрии расонаҳо барои рушди пойдори сулҳ ва демкоратия” 130 рӯзноманигор ва коршиносони расонаии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Афғонистон гирди ҳам меоянд.
Ҳамоиш бо ибтикори Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор мешавад. Ба сифати меҳмон дар конфрос намояндаҳои воломақоми Ҳукумат ва Парлумони Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ даъват шудаанд. Дар доираи конфрос бахшҳои гуногуне перомуни баррасии мушкилоти расонаҳо дар даврони рақамишавӣ ва ҳамчунин тақвияти асосҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқии фаъолияти расонаҳо ҳамчун омили таъминкунандаи озодӣ ва истиқлоли онҳо сурат мегирад. Ҳамчунин интизор меравад, ки намояндаҳои кишварҳои минтақа дар баррасиҳои марбут ба фанновариҳо ва равандҳои нав, таъсири онҳо ба озодии баён ва рушди арзишҳои демкоратӣ ширкат варзанд.
Ба асоси натиҷаҳои кофронс тавсияҳо коркард ва барои баррасӣ ба ниҳодҳои давлатӣ ва доираҳои густардаи ҷомеаи журналистӣ пешниҳод мешаванд.
Дар доираи конфронси “Ёрии расонаҳо барои рушди пойдори сулҳ ва демкоратия” барандаи ҷоизаи “Эътимод”-и Шӯрои ВАО-и ҶТ эълон карда мешаванд. Ҳамчунин ҷоизаи вижа ба довталаби “Мавриди таваҷҷуҳи аудитория” низ дода мешавад.
Ҳамчунин, ҷоизаи ифтихории “Эътимод” ба тоҷикони кишварҳои Қазоқистон, Ӯзбакистон ва Афғонистон барои муаррифии шоиста аз Тоҷикистон ва фарҳангу тамаддуни тоҷик тақдим карда мешавад.
Ҳадафи асосии баргузор кардани ҳамоиши мазкур рушди гуногунандешӣ ва озодии баён дар дунё мебошад. Ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод таҳти шиорҳои гуногун бо ҳузури густардаи доираҳои рӯзноманигорӣ дар қолаби конфронсу семинор ва дарсҳои боз таҷлил карда мешавад.