Ҷудокори шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки намояндаи ягонаи кишвари мо дар мусобиқаи Гран-прии ҷудои Португалия буд, тавонист, ки соҳиби мақом ва медал шавад.

Комроншоҳ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм зери вазни 90 кг паҳлавони ӯзбек Достон Мейлиевро шикаст дод. Пас аз ин пирӯзӣ Комроншоҳ ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳхат гирифт. Дар ин давр ҳарифи варзишгари мо Артем Бубер аз Украина буд, ки ӯ низ ба майдондории Комроншоҳ тоб наёвард.

Комроншоҳ баъд аз пирӯзӣ бар ҳарифи украинӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин давр Комроншоҳ бо Кристиан Парлатии итолиявӣ  майдондорӣ кард ва бо як вазари шикаст хӯрда, имконияти гирифтани унвони қаҳрамониро аз даст дод.

Паҳлавони маъруфи тоҷик барои ба даст овардани ҷойи сеюм ва нишони биринҷӣ бо Имеда Гоголадзеи гурҷӣ ба майдон баромад ва пирӯз шуд. Ҳамин тавр, ягона намояндаи Тоҷикистон тавонист, ки дар ин мусобиқа соҳиби медал шавад.

Бояд гуфт, ки Сомон Маҳмадбеков ҳам аз Тоҷикистон бояд дар ин мусобиқа намояндагӣ мекард, аммо пеш аз оғози чемпионат ташхиси коронавируси ӯ мусбат баромад ва ӯ натавонист, дар мусобиқа ширкат кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here