Соли гузашта ба Муассисаи давлатии таълимии  Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар 61 номгӯй таҷҳизоти тиббии муосир ва таҷҳизоти нави таълимӣ, 600 курсӣ,  49 компютер, 21 нотбук ва дигар лавозимоти таълимӣ ворид гардидааст.

Директори коллеҷи мазкур Мусозода Иброҳим имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, ки баъди ворид шудани ин таҷҳизот сатҳу сифати таълим барои донишҷӯён беҳтар гардид.

Ҳамчунин, ӯ афзуд, ки соли гузашта 1210 нафар коллеҷро хатм карданд, ки аз онҳо  49 нафарашон соҳиби дипломи сурх гардиданд.

– Ҳоло дар Коллеҷи тиббӣ сохтмони беморхонаи панҷошёнаи назди коллеҷ оғоз гардидааст, – илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь