Дар назди Муассисаи давлатии таълимии Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар сохтмони бемористони замонавӣ иборат аз 5 ошёна ва беш аз 50 кати хоб идома дорад, ки то моҳи ноябри соли 2024-ум он мавриди истифода қарор дода мешавад, гуфт Мусозода Иброҳим директори колеҷи мазкур дар нишасти хабарӣ.

Ба иттилои ӯ, иншооти мазкур дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли далватии кишвар ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, аз ҳисоби маблағҳои муассиса  бунёд мешавад, ки барои корҳои  сохтмонӣ  ва харидории таҷҳизои замонавии тиббӣ 10 миллиону 500 ҳазор сомонӣ масраф хоҳад шуд.

Гуфта шуд, ки дар  таҳхона ва ошёнаи якум  маркази ташхисӣ,  дар ошёнаи дуюми бино шуъбаи амрози дарунӣ бо 36 кат ва дар ошёнаи сеюм шуъбаи ҷарроҳӣ бо 22 кат ташкил карда мешавад, ки ҳардуи ин шуъбаҳо бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин мегарданд.

Қайд гардид, ки  донишҷуёни колеҷ дигар ба  бемористонҳо барои таҷрибаомӯзӣ нарафта, дар худи колеҷ ҳам ба таълим ва ҳам ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь