Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон дар чор моҳи соли ҷорӣ  72 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 14 ҳолат кам аст. Баъди ҷудошавии ин оилаҳо 69 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум гаштаанд.

Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Ализода Майнисо ба “Фараж” хабар дод, ки омили кам шудани ҷудошавии оилаҳо дар ноҳия бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, ба хусус ҷавонон, мебошад.

Ба гуфти ӯ, аз 72 оилае, ки дар чор моҳи соли ҷорӣ ақди никоҳи худро бекор кардаанд,  45 ҳолаташ бо қарори суд ва 27 ҳолати дигар  бо розигии ҳамсароне, ки фарзанди умумии ноболиғ надоранд, мебошад.

– Пас аз  ҷудо шудани ин оилаҳо  69 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум шуда, 99 дарсади онҳо дар тарбияи модарони худ боқӣ мондаанд, – илова кард мавсуф.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь