Аввали моҳи май масъулини бахши беҳдошти кишвар дар ҳамоише, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, эълон карданд, бемории сил дар Тоҷикистон бамаротиб кам шудааст. Ба иттилои ин манбаъ дар солҳои охир бемории сил се маротиба коҳиш ёфтааст.
Коршиносони соҳаи тандурустӣ бар ин назаранд, ки солҳои охир дар кишвар ташхиси бемории сил осон гаштааст. Дастгоҳҳои ташхисии дар ихтиёри кормандони соҳаи силшиносӣ гузошташуда бамаротиб кори ин соҳаро пеш бурдааст. Натиҷаи корбарии зиёд байни мардум, дарёфти саривақтии беморон ва муолиҷаи онҳо ин бемориро байни ҷомеа хеле коҳиш додааст.
Кароматулло сокини шаҳри Душанбе мебошад, ки аз моҳи январ ба табобати бемории сил оғоз кардааст. Ӯ мегӯяд, ду ҳафта сулфаи дуру дароз ва таб дошт. Гумон мекард ,ки зуком шудааст, аммо харобшавӣ ва камқуватиро дар худ ҳис карду ба беморхона муроҷиат намуд. Ташхис муайян кардааст, ки дар роҳҳои нафаси Кароматулло ва шуши ӯ микробҳои бемории сил дида мешавад.
– Бо тавсияи табибон табобатро оғоз кардам. Ду моҳ доруҳои зиддисилиро истеъмол кардам. Боз аз ташхис гузаштам. Ин навбат ташхис муайян кард, ки микробҳои бемории сил дар организми ман дар ҳолати тозашавӣ қарор дорад ва хавфи сирояти беморӣ ба атрофиён нобуд гаштааст. Ман, ки ҳуҷраи худро барои сироят наёфтани оилаам ҷудо карда будам, бо тавсияи табибон боз ба ҳолати муқаррарӣ баргаштам. Ҳоло худамро хуб эҳсос мекунам ва табобатро идома медиҳам. Умедворам, ки бемории силро аз худ дур месозам.
Кароматулло бар ин назар аст, ки набояд ҳама бемориро бо воҳима ба дигарон расонд. Бемории сил низ воҳиманок нест. Бемор бояд қоидаҳои беҳдоштро риоя кунад ва табобатро сари вақт шуруъ намояд. Омиди асосии шифо ёфтан аз бемории сил ин барвақт ба табобат оғоз кардан мебошад.
Дар Тоҷикистон барои коҳиш додани бемории сил бисёр лоиҳаҳо амалӣ мешаванд. Яке аз ин лоиҳаҳо “Ҷомеаи ман бидуни сил” мебошад, ки аз тарафи Ҳамкорони пешгирии бемории сил дар Тоҷикистон амалӣ мегардад. Ҳадафи он коҳиш додани бемории сил ва расидан ба хотимаи сил дар кишвар мебошад.
Саодат Исмоилӣ,
узви Гурӯҳи коршиносони эҷодии Ҳамкории пешгирии бемории сил дар Тоҷикистон