Дар вилояти Суғд қочоқи дору аз Қирғизистон пешгирӣ карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти гумрук хабар доданд.
21-уми августи соли равон аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди самти “Хуҷанд-Душанбе” дар ҳудуди маҳаллаи Ғаламайдони ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, воситаи нақлиёти тамғаи “Лексус LХ
Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ дар бордони воситаи нақлиёти мазкур маводи доруворӣ ба миқдори 48 адад “Интеллан”, 118 адад – “Эспумизан”, 25 капсула “Симетикан”, 1250 адад малҳам барои чашм- “Эритромитсин”, 110 адад малҳами “Индометатсин”, 100 адад малҳами “Дексаметазон”, 550 адад “Валерианы экстаркт”, 100 адад “Стекловидное тело”, 70 адад “Индометатсин софарма”, 100 адад “Эуфиллин” ва 100 адад “L-Тироксин” муайян карда шуд, ки ин миқдор мол ба худи шаҳрванд Р.А., истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Ҳ.Усмонов, кӯчаи Ш.Турсунов тааллуқ дошта, номбурда онро аз деҳаи Борбордуқи Ҷумҳурии Қирғизистон харидорӣ ва бидуни назорати гумрукӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, мехост бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ барои фурӯш барорад.
Ҳамин тавр, шаҳрванд Р.А. бо ин кирдори худ ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 577-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.
Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати номбурда мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ оғоз карда шудааст, нисбати шахси қонунвайронкунанда чораҳои дахлдор андешида хоҳад шуд.