Қурби пули миллӣ – сомонӣ нисбат ба доллари ИМА як зина паст шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА дар давоми ҳафтаи охир 8,81 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар шудааст.
Танзимгарони БМТ ҳоло сабаби коҳиши қурби пули миллиро шарҳ надодаанд.
Дар ҳамин ҳол тағйирёбии қурби асъор дар бозори нақди асъор низ мушоҳида карда мешавад. Қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ каме нишондодҳои пешинро гузаштааст.
Айни ҳол дар бонкҳои кишвар 1 доллари ИМА-ро бо нархи 8,81 сомонӣ харидорӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имсол меъёри қурби сомонӣ нисбати 1 доллари ИМА ба андозаи 9,16 сомонӣ пешбинӣ шудааст.