Китоби нави президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 222 саҳифа таҳти унвони «О современном мире и основных аспектах внешней политики Республики Таджикистан» (Дар бораи ҷаҳони муосир ва ҷанбаҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо забони русӣ дар матбааи “Контраст” ба нашр расид.

Китоби мазкур маҷмӯаи суханрониҳои президенти кишварро дар бар мегирад, ки он  бо ибтикори ҳайати таҳририяи рӯзномаи “Народная газета”- нашрияи Ҳукумати Тоҷикистон ба табъ расидааст.

Таҳиягарони китоб муаллифи муқаддимаи он доктори илмҳои таърих, сармушовири дастгоҳи ёварони президенти Тоҷикистон оид ба масоили робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода ва номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, сардабири рӯзномаи “Народная газета” Маҳбуба Камолова маҳсуб меёбанд.

“Ба ҳамагон маълум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон асосгузор ва роҳбари сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи муосири Тоҷикистон аст. Дар китоби нашршуда бори нахуст матнҳои марбут ба сиёсати хориҷии кишвар дар паёмҳои ҳамасолаи Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони Тоҷикистон давоми солҳои 2000 – 2018 гирдоварӣ шудааст”, – қайд мекунанд муаллифони маҷмӯа.

Гуфта мешавад, шакли электронии маҷмӯа дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас буда, нашри чопии онро дар китобхонаҳо ва мағозаҳои китоби шаҳри Душанбе метавон дарёфт кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь