«Аз панҷоҳ то шаст инсон ҳар моҳ дар худ нуқсоне бубинад, ки дар моҳи дигар надида бошад. Аз шаст то ба ҳафтод дар ҳар ҳафта дар худ нуқсе бубинад, ки дар дигар ҳафта надида бошад. Аз ҳафтод то ҳаштод ҳар рӯз дар худ нуқсоне дарёбад, ки дӣ надида бошад.
Ва гар аз ҳаштод даргузарад, ҳар соат дар худ нуқсон ва дарду ранҷ бубинад, ки дар дигар соат надида бошад…» – таъкид кардааст Унсурулмаъолии Кайковус дар китоби «Қобуснома»-и худ.
Вале аз тарафи дигар ба умр соле зам шудан ва соли дигар куҳансол гаштан ин маънои фақат ба коми марг наздик шудан, ба нестиву нобудӣ омода гаштанро надорад, ҳарчанд дар пирӣ эҳтимоли сар задани марг ҳар рӯзу соат бештар бошад.
Ҳамчунин нафароне ҳастанд, ки ҳар қадар пирӣ ва хатари нестӣ наздик бишавад, он қадар ҳисашон гиро, даркашон боло, хирадашон воло, чорагариашон фаро, талошу ҷаҳдашон фузуно бигардад.
«Бояд зиёдтар бизист ва умри зиёдтар бидид, то инсони комил бишавӣ!» – беҳуда таъкид накарда буд Чехов.
Зеро инсон ба дарки басо чиз мерасад оҳиста-оҳиста. Инсон ҳама чиро аз худ мекунад ба оҳистагӣ, ба фаҳми истифодабарии ҳикмату таҷрибаи бардоштаи худаш мерасад ба оҳистагӣ, ба офаридгориву созандагӣ даст мезанад ба оҳистагӣ… Умуман «оҳистагӣ» хос бошад ба табиати инсонӣ…
Хуллас, пирӣ баъзе чизҳои нодире дорад, ки синну соли дигар ва фаслҳои дигари умр надорад…
Ва китоби «Пирӣ фаро расидааст, пас чӣ бояд кард?» аз саргузаштҳо ва даркҳои ҳар як инсон аст дар охирин солҳои рӯи замин зистанаш…
Муаллифи он дорандаи ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ Шераки Ориён ин китобро бо маблағи худ нашр намуда, ройгон ба садҳо солхӯрдагони кишвар ҳадя намуда ва бо ҳикояҳои зиёди ин асар таъкидгар шуда, ки таҷрубаю ҳикмати пирон барои ҷомеа зарур бошад ва саргузаштҳои онҳо пандомӯз ва зиндагисоз аст…