Дар ин рӯзҳо шаҳри Тошканд меҳмонони зиёдеро аз чаҳор гӯшаи олам ба канор пазируфтааст. Дар арафаи баргузории маросими ифтитоҳи Кинофестивали ХIII-и байналмилалии Тошканд дар бинои “Ӯзбекфилм” бо ширкати Уолтер Афанасев нахустин вохӯрӣ баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки Уолтер Афанасев бастакори номӣ мебошад ва барои филмҳои “Титаник”, “Муҳофиз”, “Соҳибҷамол ва дев”, “Алоуддин” ва амсоли он мусиқӣ офаридааст.

Ба гуфтаи ӯ филми бемусиқӣ назаррабо намешавад. Ҳатто баъзан нисбат ба кадр муҳимтар мебошад. Ин бастакор мегӯяд, вақте ки мусиқии филм дуруст интихоб шавад, эффекти дилхоҳ дар филм ба даст меояд.

Гузашта аз ин, Уолтер Афанасев аз истиқболи гарм ва меҳмоннавозиҳои мардуми ин кишвар муассир гашта ва инро аз тариқи шабакаҳои интернетӣ ба дӯстони зиёди худ ироа кардааст. Вай гуфтааст, ки синамои Ӯзбекистон нафаси тоза мекашад ва ба давраи нав ворид мегардад.

-Тошканд ситораи Машриқзамин аст! Бояд дар ин бора ба тамоми олам ҷор занем. Мо синамои худро дорем. Мо набояд аз паси Ҳолливуд саргардон шавем. Ӯзбекистон имкониятҳои фаровони филмофариро соҳиб аст!-мегӯяд коргардони ӯзбектабори амрикоӣ Баҳодир Юлдошев.

Шаби гузашта майдони ҳавоии байнмалмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов аз ҳарвақта дида серодам буд. Бештар аз ҳама журналистон зуд худро ба майдони ҳавоӣ расониданд, то аз маросими истиқбол гирифтани меҳмонони кинофестивали байналмилалии Тошканд дар канор намонанд.

Дар ҳақиқат, ба навор бардоштанҳо, аккосӣ намудани чеҳраҳои машҳури синамои ҷаҳонӣ, ба суҳбатҳо кашидани ҳунармандон, коргардонҳо, овозхонҳо, бастакорон, инчунин мутахассисони гуногуни соҳаи синамо беш аз пеш доман фарох намуд. Дар қадами аввал, маросими истиқболгирии актёри машҳури синамо Стивен Сегал, ки мухлисони зиёд аз тариқи филмҳои ҳунарӣ вайро хеле хуб мешиносанд, хеле пурҷӯшу хурӯш гузашт.

Гурӯҳи духтарони атласпӯш меҳмони фестивалро бо нону намак пешвоз гирифтанд. Аввалин шуда актёри маъруфи Ҳолливуд Стивен Сигал дар майдони ҳавоӣ изҳорот пахш намуд. Вай, аз ҷумла, чунин гуфт: “Ман ва синамогарони зиёди олам ба президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои эҳёи ин кинофестивали афсонавӣ ва маъруф ибрози сипосгузорӣ мекунам. Умедворам ин кинофестивал, ки дар он намояндагони машҳури кишварҳои зиёд ширкат мекунанд, ба ҳодисаи доманфарохи шодиву нишот табдил меёбад. Бовар дорам, ки дар Ӯзбекистони навин кинофестивали Тошканд майдони беҳтарини муоширату гуфтугӯҳо, табодули таҷриба, мулоқотҳои дӯстонаву эҷодӣ мегардад ва шаъну шарафи қаблии худро эҳё менамояд. Инчунин, эътимодам хеле қавист, ки бо ҳам чанд рӯзи фаромӯшнопазирро паси сар хоҳем кард. Барои даъват аз шумо сарфарозам!”.

Дар Ӯзбекистон тайи солҳои охир мардуми зиёд аз тамошои филму сериёлҳои туркӣ дар шабакаҳои мухталифи телевизионӣ баҳра мебаранд. Аз ин ҷост, ки муштариёни зиёд нисбати ҳунармандони синамои ин кишвар ҳаргиз бетафовут наянд.  Барои ҳамин маросими истиқболгирии ҳунармандони синамои Туркия низ дар майдони байналмилалии ҳавоии Тошканд хеле бошукӯҳ ва бо тарзи хос гузашт. Ҳунарманди бомаҳорати турк Фелиз Аҳмад, ки дар сериёли “Сад соли мӯҳташам” ё “Ҳарими Султон” нақши Нигор-халифаро бозидааст,  аз шукӯҳи маросими истиқболгирӣ хеле ба ваҷд омад. Вай гуфт, ки аз омадани худ ба Ӯзбекистон ва ширкат дар кинофестивали афсонавии Тошканд хеле хушҳолу хурсанд аст.

-Агар ин ҷо ба ман пешниҳод кунанд, ки дар филми ӯзбекӣ ягон нақшро бибозам, аз таҳи дил вокуниши мусбат нишон медиҳам. Мехоҳам, ки дӯстии мардуми ӯзбеку турк боз ҳам бештар мустаҳкам шавад,-гуфт Фелиз Аҳмад.

Вай афзуд, ки ҳунармандони синамо мисли риштаҳоеанд, ки фарҳангҳои кишварҳои гуногунро ба ҳам пайваст мекунанд.

Коргардони филмҳои ҳолливудӣ Роберт Ван Ронкел бори аввал ба Ӯзбекистон омадааст. Вай мегӯяд, ки аз лаҳзаҳои нахустини ба ин ҷо омадан таассуроти бой ҳосил кардааст.

– Ин ҷо ҳама чиз хубу гуворост. Одамонаш хеле меҳмоннавоз мебошанд ва назирашонро шояд ҷои дигар пайдо накунӣ. Зимни мулоқот бо синамогарони ҷавонони ӯзбек дарк намудам, ки онҳо нисбат ба ин касбу кор эҳсоси дилгармӣ доранд ва ин барои офарандагони филм хеле муҳим мебошад,-мегӯяд Роберт Ван Ронкел.

Ба гуфтаи ӯ агар синамогарони ҷавон хоҳанд, ки аз маҳорати касбиаш дар Ҳолливуд таҷриба иваз кунанд, ба ин аз дилу ҷон омода буданашро маълум мекунад. Ба таъкиди Ронкел аз даъват шуданаш ба кинофестивали афсонавии Тошканд, ки як вақтҳо дили миллионҳоро тасхир мекард ва дубора онро эҳё мекунанд, хеле шоду мамнун мебошад.

Дар майдони ҳавоӣ пешвозгирии овозхони маъруфи Русия Филлип Киркоров, ки барои ширкат дар кинофестивали Тошканд омадааст, барояш хеле писанд омад.  Вай гуфт, ки аз кишвари офтобии Ӯзбекистон истода салому паёмашро ба Маскаву ба тамоми Русия мерасонад.

-Дар ин чанд рӯз мо аз фазои шаҳри Тошканд нафас хоҳем гирифт, ки пур аз ҳодисаҳои фараҳбахшу гуворо хоҳад буд. Дар шаҳри Тошканд баргузор шудани ин фестивал ва барои даъват ба он ба мақомоти раҳбарии Ӯзбекистон хеле сипосгузорам. Умедворам, ки мулоқот кардан бо онҳо бароям муяссар мегардад,-афзуд Филлип Киркоров.

Ҳамин тавр, тамоми шабу рӯзи гузашта ҳавопаймоҳо ба шаҳри Тошканд ситораҳои дурахшони синамо, мисли Митҳун Чакрабортӣ, Октай Кайнарҷа, Озҷон Дениз ва дигарон, инчунин, арбобони зиёди санъату фарҳанги кишварҳои гуногунро интиқол доданд ва мизбонон ҳар кадоми онҳоро бо шукӯҳи хос истиқбол гирифтанд.

Дар кинофестивал меҳмонон аз тақрибан 40 кишвари олам иштирок доранд ва беш аз 50 ситораи дурахшони синамои ҷаҳонӣ ва 400 синамогари кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Тошканд гирдиҳам омадаанд.

Ёдовар мешавем, ки ин фестивал дар гузашта таҳти унвони “Фестивали синамои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ” баргузор мешуд ва таърихи бештар аз сисоларо касб кардааст.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар ин фестивал синамогарони Тоҷикистон низ бо филмҳои худ ширкат мекунанд.

Маросими ифтитоҳи фестивали байналмилалии синамои Тшканд 29-уми сентябр баргузор мегардад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори хоси Фараж” шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь