Клуби футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд маротибаи чорум барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол шуд. Дар финали Ҷоми миллӣ дастпарварони Рустам Хоҷаев чемпиони Лигаи олии кишвар клуби футболи «Истиқлол»-ро мағлуб карданд.

Ғалабаро ба дастаи «Хуҷанд» зарбаҳои нишонраси Манучеҳр Аҳмадов (дар дақиқаи 41-ум) ва Ҳикматулло Расулов (дар дақиқаи 56-ум) таъмин намуданд. Пеш аз ин «Хуҷанд» дар мавсимҳои 1997/98, 2002 ва 2008 барандаи Ҷомии милии Тоҷикистон оид ба футбол шуда буд.

Шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев, ки дар ин бозӣ бартарии бештар доштанд, натавонистанд, аз фурсатҳои муносиб истифода баранд. «Хуҷанд», баракс, бозии эҳтиёткоронаро пеш гирифта, аз ҳуҷуми ҷавобӣ хуб истифода кард ва дар натиҷа ба комёбӣ ноил шуд.

Манучеҳр Аҳмадов бозигари беҳтарини ин вохӯрӣ эълон гардид.

Ҷоми Тоҷикистон. Финал

«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 0:2

Голҳо: Манучехҳр Аҳмадов, 41 (0:1). Ҳикматулло Расулов, 56 (0:2).

Ронда шуд: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), 90+5 (барои бо по задани ҳариф).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

2 декабр. Варзишгоҳи марказии Душанбе. 3000 тамошогар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь