Дар хабари вебгоҳи «Овози Самарқанд», ки нависандаи маъруфи тоҷик Садриддин Айниро дар баробари сардафтари адабиёти муосир муаррифӣ кардан, нависандаи адабиёти муосири ӯзбек низ ба қалам доданд, доир ба тармиму азнавсозии хона-музей ва нимпайкараи устод иттилоъ дода шуд.

Дар хабари мудири музей-лабораторияи илмию амалии ДДС Раҳим Қаюмов гуфта мешавад, ки «дар гирдогирди Хона-музейи мемориалии Сардафтари адабиёти муосир, нависандаи шинохтаи адабиёти тоҷику ӯзбек Садриддин Айнӣ вайрон кардани сохтмонҳое, ки ғайриқонунӣ бунёд шудаанд, ба нақша гирифта шуд».

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки «мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 11-уми декабри соли 2017 «Дар бораи Барномаи чораҳои такмил додани фаъолият ва мустаҳкамнамоии комплексии базаи моддиву техникии музейҳои давлатӣ дар солҳои 2017-2027» барои реконструксия ва реэкспозитсияи Хона-музейи мемориалии Садриддин Айнӣ дар соли 2018 аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриятӣ 300 миллион сӯм ҷудо карда мешавад. Ғайр аз ин, маъмурияти музей-мамнӯъгоҳ ба таври илова боз маводи махсус ҷудо мекунанд.

Бар асоси нақшаи тадбирҳо, хона-музейро аз таъмири асосӣ бароварда, корҳои ободсозӣ мегузаронанд ва экспозитсияи нав бо истифодаи технологияҳои ахбори ҷавобгӯйӣ талаботи замонавӣ мешавад. Дар доираи чорабинӣ ташкил намудани намоишгоҳи сайёр, ки дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ ҳикоя мекунанд, нашри китоб ва буклетҳо оид ба нависанда, инчунин, чопи мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, ташкил намудани вебсайти хона-музей, гузаронидани конференсияи байналхалқӣ, лексия, вохӯрӣ ва дигар тадбирҳо ба нақша гирифта шудааст».

 

Акс аз вебгоҳи «Овози Самарқанд»

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь