Соли гузашта ба маркази саратоншиносии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар 4185 нафар муроҷиат кардаанд, ки табибони ин марказ аз ин шумора 234 нафарро гирифтори бемории саратон муайян кардаанд. Бештар сокинони деҳот гирифтори бемории саратон мебошанд
Бино ба иттилои духтури саратоншиноси маркази мазкур Нурализода Чориев 385 нафар дар маркази саратоншиносии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар бистарӣ карда шудаанд.
Дар миёни беморони бори авал дарёфтшуда аксариятро сокинони деҳот ташкил медиҳанд. Аз шумори гирифторони ин беморӣ, ки бори авал соли гузашта муайян шудаанд, 185 нафар аз деҳоти вилоят мебошанд. Гирифторӣ ба ин беморӣ дар вилоят нисбати соли гузашта 114 нафар кам шудааст.
Ба гуфти манбаъ, аз соли 2012 то ин ҷониб дар вилояти Хатлон 619 нафар бемори гирифтори саратон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз инҳо 247 нафар мард ва 323 нафар зан мебошанд. Хурдсолон 49 нафарро ташкил медиҳанд.
“Омилҳои гирифторӣ ба бемории саратон ғизои дар таркибаш маводи химиявидошта, телефони мобилӣ, савияи пасти дониши тиббии сокинони деҳот, сатҳи пасти шароити зиндагӣ ва дигар омилҳо мебошанд”, – мегӯяд директори маркази саратаоншиносии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар Идибек Қараев ва афзуд, ки таҷҳизот намерасаду ба мутахассис эҳтиёҷ доранд. Дар марказ ҳоло 1 номзади илми тиб ва 1 нафар унвонҷӯ кор мекунанд.
Идибек Қараев бо нигаронӣ афзуд, ки аз норасоии таҷҳизотҳ муосири тибӣ, аз ҷумла момогирифӣ, дасгоҳи эндоскоп, тамографи компютерӣ ва дигар таҷҳизоти муосир табибон ин марказ танқиси мекашанд.
Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар дорои 20 кати хоб мебошад, ки ин ҳам барои калонтарини минтақаи Бохтари вилояти Хатлон нокофӣ аст.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев