Аз вилояти Хатлон 1549 нафар ҷавон дар донишгоҳҳои динии хориҷи кишвар ғайрирасмӣ таҳсил менамуданд, ки то имрӯз 1432 нафари онҳо ба ватан баргардонида шуданд.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии вилояти Хатлон, аз шумораи ҷавонони баргашта ба ватан, 710 нафар ба кор ҷалб карда шуда, 470 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд. Айни ҳол 140 нафар бекор ва 41 нафари дигар ба таҳсил дар ватан фаро гирифа шудаанд.

Манбаъ инчунин хабар дод, ки аз 1432 нафар ҷавон 31 нафар маҳбасӣ шуда, 10 нафари дигар вафот карданд ва нисбати 44 нафари дигар парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шудааст, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Ҳоло бошад 73 нафар дар хориҷи кишвар боқӣ мондаанд, ки аз инҳо 49 нафар аз минтақаи Бохтар ва 24 нафари дигар аз минтақаи Кӯлоб мебошанд.

Зикр гардид, ки аз вилояти Хатлон бештар ҷавонони ноҳияи Вахш, Кӯшониён, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Кӯлоб, Восеъ ва ноҳияи Ховалниг дар донишгоҳҳои динии хориҷӣ кишвар ғайрирасмӣ таҳсил мекардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь