Баҳодур Усмонов  бо корти пардохтии худ аз яке аз нуқтаҳои савдои шаҳри Хуҷанд харид карда, 500 сомонӣ бурд кард. 

«Ман мунтазам дар марказҳои савдои озуқаворӣ бо корти пардохтӣ тариқи ғайринақдӣ харид ва аз нуқтаҳои таъмини сузишворӣ барои нақлиёти худ сузишворӣ мехарам. Ин хеле роҳат аст, ки бо худ пули нақд нагирифта, тариқи корти пардохтӣ харид кунӣ ва боз ҷоиза ҳам гирӣ”,  – мегуяд Б.Усмонов.

Иқдоми “Хариди бурднок” аз Бонки Эсхата барои ҳавасманд кардани мизоҷон, ки пардохти ғайринақдиро истифода мебаранд, равона гардидааст. Ҳамчунин, барои рушди тиҷорати корти пардохтӣ ва иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи ҷораҳои рушди пардохти ғайринақдӣ тариқи кортҳои пардохтӣ” мусоидат хоҳад кард. Мутобиқ ба ин қарор ҳамаи марказҳои савдо ва хизматрасонӣ вазифадор карда шуданд, ки POS-терминалҳоро барои қабули кортҳои пардохтӣ васл кунанд.

Мизоҷ бо корти пардохтӣ харид карда, аз ҳар харид бо паёмак иттиоъ мегирад, ки барои назорат кардани хароҷот муфид аст. Ба туфайли иқдоми “Хариди бурднок” мизоҷ метавонад, ки мукофоти пулӣ ба даст орад.  Дар даври дуюми Аксия 2300 сомонӣ бурд карда мешавад.

Бонки Эсхата 22 нафар толеъбаландро, ки дар даври аввали Аксияи “Хариди бурднок” соҳиби 500 сомонӣ гардиданд, эълон кард, ки мукофотпулиашон рӯзҳои наздик ба суратҳисоби корти пардотхии онҳо гузаронида мешавад. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь