13-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳии ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Сафорати Амрико роҳандозӣ гардидааст, доир гардид.

Аз соати 14:00 то соати 16:00 дар Китобхонаи миллӣ як қатор созмонҳои таълимӣ, аз ҷумла  Шӯроҳои Амрико, EducationUSA ва Марказҳои амрикоӣ намоишгоҳи таълимӣ баргузор карданд. Мутасаддиён ба меҳмонон ва нафароне, ки мехоҳанд таҳсилоти худро дар давлатҳои хориҷа давом диҳанд, дар бораи барномаҳое, ки тариқи он имкони таҳсил дар хориҷа вуҷуд дорад, маълумоти муфассал пешниҳод карданд.

Инчунин, хоҳишмандон тариқи сабти ном метавонанд дар барномаҳои алоҳидаи созмонҳо, ки то 17-уми ноябр дар Маркази амрикоӣ дар соатҳои муайян баргузор мегардад, ширкат варзанд ва бо роҳу усул ва шартҳои таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷа шиносоӣ пайдо кунанд.

Кордори Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Керри Ли қайд кард, ки аз соли таъсиси Сафорати Амрико дар Тоҷикистон то инҷониб қариб 7 ҳазор нафар тариқи барномаҳои омӯзишӣ, аз ҷумла барномаҳоеро, ки аз ҷониби ҳукумати Амрико роҳандозӣ гардидааст, хатм карда ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Бояд қайд кард, ки ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ ҳамасола дар Тоҷикистон доир мегардад. Ҳафтаи байналмилалии таҳсили соли 2023 дар тамоми ҷаҳон аз 13 то 17-уми ноябр давом мекунад. Ин ташаббуси муштараки Департаменти давлатии ИМА ва Вазорати маорифи ИМА барои ҷалби пешвоёни оянда аз Тоҷикистон ва ҷаҳон барои таҳсил, гирифтани дониш ва табодули таҷриба дар Иёлоти Муттаҳида мусоидат мекунад.

Ш. Мадалиева

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь