Дар наздикии кӯҳу доманакӯҳҳо ва ҳамвориҳои ноҳияи Ашти вилояти Суғд ёдгориҳои беназири бостоншиносӣ-сангнигораҳо кашф шудаанд, ки онҳо аз ҳаёту ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии бошандагони қадими ин ноҳия шаҳодат медиҳанд.

8-уми апрели  соли 2023 дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ашт як силсила сангнигораҳо кашф шуданд. Сангнигораҳои деҳаи Даҳана  аз ҷиҳати фарогирии мазмуну мундариҷа гуногун буда, дар ҳазораи дуюми то милод сар карда, то миёнаҳои асри XIX ҳаккокӣ шуда, анъанаҳои маданияти қавми саккоиҳоро ифода мекунанд. Дар сангнигораҳо аксаран нақшҳои уштуру асп, гову бузҳои кӯҳӣ, оҳую гӯсфанд, инчунин манзараи ҳарби шеру паланг, гургу саг ва маъракаи шикори парандагон бо тамоми ҷузъиёташ таҷассум шудаанд.

Баъзе аз сангнигораҳо дар баландии 700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Қисми зиёди сангнигораҳо бо усули техникаи хол-хол кашида шуда, бо ашёи оҳанӣ ва ё санг канда шудаанд. Дарозии аксари нақшҳо 30-45 см аст. Миқдори умумии сангнигораҳои деҳаи Даҳана  то ҳол аз ҷониби бостоншиносон ҳисоб карда нашудааст. Ба андешаи бостоншиноси шодравон В. Ранов  сангнигораҳои деҳаи Даҳана  ба ҳазораи дуюми то милод тааллуқ дошта, ба қавми қадими чорводори «саккоиҳои он сӯи Суғд» мансуб аст. Дар натиҷаи корҳои бостоншиносӣ дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ашт зиёда 2370 сангнигора аккосӣ ва шуморагузорӣ карда шуд.

Як гуруҳ кормандони ЮНЕСКО ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон ба  мавзеи деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ашт сафар намуданд . Зимни тадқиқот олимон ба хулосае омаданд, ки мероси гарони таърихии ин мавзеъ ба таври комил омӯхта шавад ва ин сангнигораҳоро ба шуъбаи ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш карданд. Ин мавзеъ, хушбахтона, ба Рӯйхати умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь