Аз 14 то 20 майи соли 2024 Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон ба Маркази миллии тиббии «Шифобахш»-и (Қараболо) шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази тавонбахшии кӯдакони маъюб» дар Чорбоғ, ноҳияи Варзоб, инчунин беморхонаи нав дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон воситаҳои техникии тавонбахширо (ВТТ) интиқол дод.

Ба шарофати дастгирии логистикии Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон тавонист аз Олмон зиёда аз 100 номгӯи васоити гуногунро барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва суръат бахшидан ба раванди тавонбахшии беморони дорои нуқсонҳои ҷисмонӣ, махсусан кӯдакон ворид намояд.

Воситаҳои техникии тавонбахшӣ, аз қабили аробаҳои махсуси маъюбӣ, дастгоҳҳои физиотерапевтӣ, вертикализаторҳо ва ғайраҳо барои мутахассисони ин марказҳо дар фаъолият бо беморон василаи зарурӣ хоҳанд шуд. Бо ёрии ин воситаҳои тавонебахшӣ, ҳар як мизоҷ муносибати инфиродӣ ва кӯмаки касбӣ дар раванди тавонбахшӣ хоҳад гирифт.

Ташаббуси мазкур оид ба тақсимоти воситаҳои техникии тавонбахшӣ саъю талошҳои  Каритас Олмонро баҳри рушди таҷрибаҳои тиббӣ ва саҳмгузорӣ ба беҳтар шудани натиҷаҳои табобати беморон нишон медиҳад. Каритас Олмон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо марказҳои табобатӣ ва тавонбахшӣ саъй мекунад, ки ба зиндагии афроде, ки мавриди табобати тавонбахшӣ қарор доранд, таъсири мусбат расонад.

Дар доираи ин иқдом ба беш аз 20 ташкилотҳои маҳаллӣ, аз қабили созмонҳои ҷамъиятӣ, шахсони алоҳида ва марказҳои тавонбахшӣ миқдори зиёди воситаҳои гуногуни техникии таовнбахшӣ барқарорсозӣ дастрас карда шуданд.

«Воситаҳои техникии тавонбахшӣ барои баланд бардоштани самаранокии тавонбахшӣ ва нигоҳубини шахсони дорои маъюбият муҳим мебошанд. Мо итминон дорем, ки ин воситахои техникии тавонбахшӣ ба мо барои боз ҳам самараноктар ва натиҷабахш анҷом додани фаъолиятамон кумак мерасонанд. Мақсади мо – дастгирӣ намудани беморон дар барқарор намудани саломатӣ ва баргаштан ба ҳаёти комил мебошад», – қайд кард Азиза Хоҷаева, мушовири котибот ва сармутахассиси ғайриштатӣ оид ба тавонбахшии кӯдакони дорои маъюбият дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Воситаҳои техникии тавонбахшӣ (ВТТ) таҷҳизотҳоеро дар бар мегиранд, ки маҳдудиятҳои фаъолияти ҳаётии шахсони дорои маъюбиятро ҷуброн мекунанд ё бартараф мекунанд. Вазифаи асосии ВТТ барқарор кардани саломатии инсон, баргардонидани ӯ ба ҷомеа ва имкон додани машғул шудан бо фаъолияти муқаррарии маишӣ ва меҳнатӣ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь