Ҳафтаи гузашта дар маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии «Сиёма молл» бахшида ба анҷоми татбиқи фаъолиятҳои барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал (ТСМ) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон амалӣ мегардид, чорабинии ниҳоӣ баргузор гардид.

Барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал (ТСМ) баҳри мусоидат ба фарогирии шахсони маълул ба тамоми бахшҳои ҳаёт ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Қазоқистон равона шуда буд.

Ташкилкунандагони ин чорабинӣ Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон (АММКИТ) ва ташкилоти ҷамъиятии «Маркази рушди забони имову ишора ва таълими ношунавоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамкории зич бо маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии «Сиёма молл» мебошанд.

Барнома дар ҳамкории зич бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии минтақавӣ ва миллӣ, инчунин шарикон аз бахши хусусӣ, созмонҳои давлатӣ ва байналмилалӣ барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар пешбурди иштироки фаъоли шахсони дорои маъюбият бо эътирофи васеъ дар сатҳҳои гуногун фаъолият кардааст.

Дар доираи чорабинии мазкур аъзои Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолияти муштарак ва хизматрасониҳои нави иҷтимоиро, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи «Муттаҳидсозии сохторҳои тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал (ТСМ) дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Қазоқистон ва касбигардонии минбаъдаи омӯзиши кори иҷтимоӣ бо истифодаи раҳёфти ТСМ» татбиқ шудаанд, муаррифӣ карданд. Боиси зикр аст, ки барномаи мазкур аз ҷониби Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) маблағгузорӣ мешавад.

Инчунин, тавассути тамошои филмҳои мустанад натиҷаҳои муҳими барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал (ТСМ) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Шарикони калидии лоиҳа барои саҳм гузоштан дар рушди ТСМ бо дипломҳо сарфароз гардонда шуданд.

Меҳмонони маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии «Сиёма молл» аз намоиши аксҳои шарикони Филиали Ассотсиатсияи Каритаси Олмон дар Тоҷикистон дар татбиқи барномаи ТСМ, флешмоби интерактивӣ бо иштироки шахсони дорои имконияти маҳдуд ва барномаи фарогири мусиқӣ баҳравар шуданд.

Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал – модели тавонбахшие мебошад, ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таҳия шудааст. Ин модел на дар марказҳо ё беморхонаҳои мушаххас, балки дар маҳале, ки шахс истиқомат мекунад, амалӣ мегардад. Модели мазкур ба таҳсилоти шахсони дорои намудҳои муайяни маъюбӣ ва аъзоёни оилаи онҳо, инчунини ба ҳадди имконпазир  фарогирии онҳо ба ҷомеа асос ёфтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь