Аз 24–уми октябр дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо реҷа додани нерӯи барқ пурра аз байн бардошта шуда, мардум бо қувваи барқи босифат таъмин хоҳанд шуд.  Дар ин бора Сармуҳандиси ҶСК  “Шабакаҳои Барқи Кӯлоб” Акрам Султонов  ба хабарнигори “Фараж” дар минтақа хабар дод.

“Сабаби маҳдудияти барқ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, таъмиру тармими зеристгоҳҳову хатҳои шиддати барқ аст, ки то охири моҳ пурра ба анҷом хоҳад расид. Аз рӯзи чоршанбеи 24-уми октябр ин маҳдудият пурра аз байн рафта мардум бо қувваи барқи босифат ва доимӣ таъмин хоҳанд шуд”, – гуфт манбаъ.

Бо вуҷуди оне, ки “Барқи тоҷик” вуҷуд доштани “лимит”-ро инкор мекунад,  ҳамакнун як моҳ мешавад дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо реҷа додани нерӯи барқ ба аҳолӣ оғоз гардидаааст. Ин вазъ сокинони вилоятро ба ташвиш овардааст. Дар ҳамин ҳол аз идораи Шабакаҳои барқи Кӯлоб мегӯянд, ин як давраи кутоҳмуддат аст ва мардум набояд нигарон бошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь