Бар асари фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғ 8 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, хабар дод.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар натиҷаи корҳои бартарафсозӣ 9 нафарро тавонистаанд аз зери тарма берун оранд. 15-уми феврал бар асари фаромадани тарма дар маҳаллаи Шаш Хоруғ дар умум 22 манзили истиқоматӣ зарар дидаанд, ки аз ин 4 манзил пурра ва 18 манзили дигар қисман хароб шудаанд.

Ичнунин, як сокини вилояти Бадахшон ҳангоми сафар дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ зери тарма монда ҳалокат шудааст. Дар умум, шумораи ҳалокшудагоне, ки зери тарма мондаанд дар Бадахшон нӯҳ нафарро ташкил медиҳанд.

Дар робита ба ин ҳодисаҳо, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Сарвари давлат вобаста ба ҳар чӣ зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва расондани кумаки моддӣ ба оилаҳои зарардидагон ба сарвазири мамлакат, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь