Субҳи дирӯз, 30-юми март, соати 09:05, сокини пойтахт Суҳроб Назаров ба навбатдори маркази идории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст‚ ки дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаи Сабзкор, марди ношиносе худро овехтааст, хабар медиҳад КҲФ.

Баъди дарёфти хабар ҳайати гурӯҳи якуми Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шудаанд. Маълум шудааст, ки як зодаи 42-солаи ҷамоати Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба сабабҳои номаълум худро дар бетони рӯди Душанбе овехтааст.

Имдодгарон ҷасадро аз девори бетонии соҳил поин овардаанд ва ба кормандони милитсияи ноҳия, ки ба ҷойи ҳодиса даъват шуда буданд, супурдаанд.

Сабаби даст ба амали худкушӣ задани ин марди 42-сола маълум набудааст, аз ин рӯ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷараёни ҳодисаро тафтиш мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь