Юрген Клопп аз мураббиёни хоксор ва меҳнаткаши футболи Аврупост, ки бисёриҳо ба ӯ эътиқоди беандоза доранд. Ҳафтаи гузашта ин мураббӣ ба беҳтарин ҷоизаи худ даст ёфт ва оқибат соҳиби ҷоми Лигаи чемпионҳои Аврупо ва унвони чемпионӣ шуд.
Клопп мураббиест, ки шогирдонаш дар ин мавсими Лигаи чемпионҳои Аврупо аз диданитарин камбэкҳои футболиро анҷом доданд. Дар нимфинали ин мусобиқа «Ливерпул» дар бозии аввал аз дастаи «Барселона» бо натиҷаи 0:3 шикаст хӯрд ва гумон мерафт, ки бо ҳамин роҳи ин даста ба анҷом расидааст, аммо Клопп бо шогирдонаш коре кард, ки ҳама ангушти ҳайрат газиданд. Дар бозии ҷавобӣ «Ливерпул» бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд ва ба сӯйи чемпионӣ қадам ниҳод.
Баъди пирӯзӣ Клопп чӣ қадар бо ҳиссиёт заҳмат кашиданашро ёд кард ва гуфт, ки акнун нафаси осуда кашидааст. «Дар майдон он қадар эҳсосе буд, ки мо ашк ҳам рехтем. Ман аз кори бачаҳо хеле шодам. Барои дастаи мо ин аввали кор аст. Корномаи беҳтарини ин бачаҳо ҳанӯз дар пеш аст. Гуфтанд, ки финали соли ояндаи Лигаи чемпионҳо дар Истамбул баргузор мешавад, ман ба UEFA гуфтам, ки мо меоем», – гуфт Клоп аз хурсандӣ дар нишасти баъди бозӣ.
Юрген Клоп одами эҳсосотӣ аст ва хусусан аз голи шогирдонаш ба гунае таҷлил мекунад, ки диданист. Саҳифаҳои YouTube аз наворҳои ҷашнгирии Клоп пуранд ва гоҳе мешавад, ки ин марди айнакӣ чун кӯдак завқ мекунад.
Журналистон низ аз ин мутахассис розиянд, зеро вақте назар медиҳад, барои журналист албатта маводи олие мешавад. Ӯ бо онҳо кушоду равшан суҳбат мекунад ва ба ҳар саволи хусусияти шахсидошта низ ҷавоб мегӯяд. Боре ӯ ба савол дар бораи мӯяш ҷавоб дод, ки дар сараш мӯй коштааст. «Зӯр нашудааст магар?» – пурсид ӯ аз хабарнигорон.
Яке аз далелҳои аслии муваффақияти Клоп ин дӯстии ӯ бо бозигарон аст. Вай аз он, ки бо бозигарон дар ҷашнҳо ширкат мекунад, бо онҳо менӯшад, шӯхӣ мекунад шарм намедорад. Байни ӯву бозигарон фосила нест. Бар замми ин, Клоп аз сарсахттарин мухлиси футболи англисӣ аст. Ӯро мухлсиони бешуморе на танҳо дар қораи Аврупо, балки дар тамоми дунё эҳтиром мекунанд.
Хулоса, ин ҳафта ҳафтаи ҳамин марди Худо буд, ки ба футболи англисӣ обрӯи дигар, ба «Ливерпул» ҷоиза ва ба худу шогирдонаш унвон овард.
Дар зимн, дар Мадрид ду дастаи англисӣ – «Тоттенҳэм» ва «Ливерпул» барои ба даст овардани унвони чемпионӣ мубориза бурданд, балки ба майдон омаданд, чун ин бозӣ ҳам дар муҳтаво аз бозии Лигаи Аврупо камнуртар буд.
Камнур намебуд, вебгоҳҳо дар вақти бозӣ аз ба майдон давида баромадани як бонуи мӯд, ки гуфта мешавад, баъди ин корнамоиаш сафи мухлисонаш ба миллион афзудааст, гаштаву баргашта хабар паҳн намекарданд. Хабари марказии ин бозӣ ҳамин буд.
Барои пешсафони дастаи «Ливерпул» ин финал рамазонӣ буд, чун ба қавле Мане ва Салоҳ рӯзадор будаанд. Салоҳ аз пеналтӣ, ки як бозигари ҳариф аз беэҳтиётӣ бо даст бозӣ карду таъин гардид, аллакай дар дақиқаи 2-юм ҳисобро боз кард, аммо дар тамоми муддати баъд камнамо буд. Мане низ. Дар қатори онҳо камнурии ин шом ба пешсафи «Тотенҳэм» Ҳаррӣ Кейн низ хос буд.
Чизе, ки дар ин бозӣ аксарият умедвор буданд, рух дод ва сармураббӣ Юрген Клопп оқибат соҳиби ин ҷому ин унвон шуд. То ин дам ӯ ду бор дар финали Лигаи чемпионҳо ва як бор дар финали Лигаи Аврупо ширкат кардааст.
Як голи дигари «Ливерпул»-ро Ориҷӣ дар охир зад ва аз ҳамин гол хулоса кардан мумкин буд, ки шогирдони Клоп нисбат ба Пачитинно сазовортар буданд.
Лигаи чемпионҳо. Финал
Тоттенҳэм (Англия) – Ливерпул (Англия) – 0:2 (0:2)
Голҳо: 0:1 – Салоҳ, 2 (аз пеналтӣ); 0:2 – Ориҷӣ, 87.