Рӯзи 2-юми ноябри соли равон дар шаҳракаи Панҷи ноҳияи Панҷ ҷашнвораи кӯдакон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарор дошта“ ба муносибати ҷашнгирии 25-солагии Конститутсияи Тоҷикистон ва 30-солагии Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид, ки дар ҷараёни он зиёда аз 300 кӯдак соҳиби шаҳодатномаи таваллуд гаштанд.

Ин чорабинӣ бо мусоидати Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) дар якҷоягӣ бо вазоратҳои адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо гузаронида шуд. Фестивали кӯдакона дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарор дошта» амалӣ гашт.

Лоиҳаи мазкур барои дастгирии кӯдакон ва оилаҳои ниёзманд аз 16 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, ки зери таъсири равандҳои мигратсионӣ қарор доранд, равона шудааст. Бисёрии кӯдакон, ки аз тарафи волидайн – муҳоҷирон партофта шудаанд, имконияти дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ба монанди таҳсил ва тандурустӣ надоранд, барои он ки далели таваллудшавии онҳо қайд нашудааст ва барои хизматрасониҳо, онҳо ноаён мебошанд. Дар давоми фестивал 300 нафар кӯдакони “ноаён” дорои шаҳодатномаи таваллуд гаштанд, ки онҳоро шаҳрвандони пурраи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардонид.

Намоянди дафтари Хазинаи Кӯдакон дар Тоҷикистон, ҷаноби Лучиано Калестини оид ба кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошда гуфт: «Аз сабаби таъсири муҳоҷират, бисёрии кӯдакон берун аз ҷомеаҳои худ қарор мегиранд ва дар давоми дастрасии хизматрасониҳои иҷтимоӣ бо мушкилиҳои бисёр рӯ ба рӯ мегарданд. Мо аз Ҳукумати Тоҷикистон миннатдорем, ки қарорҳои лозимаро баҳри дастгирӣ намудани кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта қабул менамояд ва ҳамчунин сипоси худро ба Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии молиявӣ мерасонем».

Дар чаҳорчӯбаи дастгирии кӯдакон ва оилаҳои зери таъсири муҳоҷират қарордошта ЮНИСЕФ ва ҳамкорони он 3112 кӯдаконро муайян намудаанд ва ба 200 оилаҳо барои ба даст овардани шаҳодатнома ва шиносномаҳои давлатӣ, кӯмакҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, фаъолияти худро оғоз намуданд. То имрӯз 2220 кӯдак дорои шаҳодатномаи таваллуд гаштаанд ва ба 1524-тои онҳо барои гирифтани шаҳодатнома мадади молиявӣ пешниҳод карда шуд. Барои пурзӯр намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта 6 маркази иҷтимоӣ бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд. Ҳамчунин, 92 коргарони иҷтимоӣ аз дарсҳои такмили ихтисос оид ба дастгирии кӯдакони ниёзманд гузаштаанд.

Баргузории фестивали мазкур дар пешомади ду ҷашнвораи муҳим – 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак басо рамзист. Дар давоми фестивал намояндагони ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Панҷ, меҳмонон аз Душанбе ва сокинони ноҳия иштирок намуданд ва барои дастгирии татбиқи ҳуқуқи кӯдак омодагӣ изҳор карданд.

ЮНИСЕФ бо дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои меҳмонон барномаи фарҳангӣ ва фароғатӣ таҳия намуд. Ҳамчунин, дар якҷоягӣ бо шаҳодатномаи таваллуд, ба кӯдакон аз тарафи ташкилоти ҳамкор – “Good Neighbors” лавозимоти мактабӣ туҳфа карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь