Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бунёду навсозии  498 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то якуми январи соли 2024-ум 136 ададаш сохта ба истифода дода шудаанд.

Раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ гуфт, иншооти бунёдшаванда дар доираи ин санаи таърихӣ дар самти маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодӣ, корхонаҳои саноатӣ, роҳсозӣ, комуналӣ ва дигар иншоотӣ хизматрасонӣ мебошанд.

Аз 498 иншооти ҷашнӣ 96 ададаш дар ҷамоати шаҳраки Ёвон, 80 ададаш дар ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусайнов, 35 иншоот дар ҷаомати ба номи Гулсара Юсупова, Даҳана-38, Чоругл-42, Обшорон-72, Норин-59, Ситораи Сурх-40 ва шаҳраки Ҳаёти Нав-36 иншоот  сохта мешавад, илова кард раиси ноҳия.

– Аз иншооти банақшагирифташуда то якуми яанвари соли 2024-ум 133 ададаш бунёд, таъмир ва ба истифода дода шуда, ба ҳисоби оморӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла, дар соли 2023-юм таъмир, бунёд ва ба истифода додани 50 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки дар ин мудат 84 иншоот ба истифода дода шуда, айни замон дар аксар иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд, ки дар онҳо сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд,-гуфт Бахтиёр Шарифӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь