Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба 23 нафар афроди имконияти маҳдуддошта аробачаҳои маъюбӣ, ба 10 нафар асобағал ва ҳамчунин ба 50 нафар сару либоси зимистона тақдим карда шуд.
Бахшида ба Рӯзи маъюбон дар пайравӣ аз иқдомҳои ғамхоронаву дилсӯзонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ, мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ-аҳолии ноҳия Қадриддинзода Фазлиддин, директори Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона Наҷмуддинзода Собир ба 23 нафар афроди имконияти маҳдуддошта аробачаҳои маъюбӣ, ба 10 нафар асобағал ва ҳамчунин ба 50 нафар сару либоси зимистона тақдим карда шуд.