Чанде пеш роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар Давлатзода Наҷмиддин ба аёдати  хонаводаи шодравон Баҳодур Уроқов, журналисти муваффақ, рафта ёрии яквақтинаи раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддинро  расонд.

Давлатзода Наҷмиддин бо фарзандони марҳум сӯҳбат ороста аз фаъолият ва хидматҳои ин журналисти комёб  ёдовар шуд. Гуфта шуд,ки шодравон Баҳодур Уроқов аз ҷумлаи журналистони муваффақи вилояти Хатлон буда, бо таҳияи матлабҳои хуби журналистӣ дар рушди соҳаҳо саҳми худро гузоштааст.

Баҳодур Уроқов, хабарнигори маъруфи ҳафтаномаи СССР, дар синни 42-солагӣ, баъди маризии кӯтоҳмуддат, бар асари бемории ҷигар, моро тарк кард.

Баҳодур миёни ҳампешагон бо зарофатҳои намакин ва дили софу беғубораш шинохта шуда буд ва миёни ҳампешагонаш бо ҷуръату ҷасорати махсуси хеш фарқ мекард. Аз ӯ шаш фарзанд ятим монданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь