Ширкати ҶДДМ “Сементи рушди Хатлон” дар моҳи шарифи Рамазон ба 400 нафари якаву танҳо,  ниёзманд, маъюб ва дигар қишри эҳтиёҷманди шаҳри Левакант маводи ғизоӣ ёрӣ кард.

Муовини раиси шаҳри Левакант Зуҳро Иброҳимзода иттилоъ дод, ки ин ҳама ёриҳо аз ҷониби ширкати ҶДДМ “Сементи рушди Хатлон” дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат сурат гирифтааст.

– Ёрӣ аз орд, равған, картошка, пиёз, макарон, намак ва шакар иборат аст, – илова кард ӯ.

Лола. як сокини ин шаҳр, ки аз ёрии ҶДДМ “Сементи рушди Хатлон” баҳраманд шудааст гуфт, бо як фарзанд танҳо зиндагӣ мекунад ва маводи ғизии кофӣ барои рӯзгор надошт.

– Шахсони хайрхоҳ ва соҳибкорони ҳимматбаланд имрӯз ба мо ёрии хешро расониданд. Худованд сафи чунин шахсони хайрхоҳу ватандӯст бештар бошад, – гуфт ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь