Дар арафаи Иди Рамазон аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ​​​​ба зиёде аз 490 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён тӯҳфа супорида шуд.

Аз ҳукумати ноҳияи Қубодиён итилоъ доданд, ки туҳфаҳои Пешвои миллатро  намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Қубодиён ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳия супориданд.

Мактаб интернати ноҳияи Қубодиён соли гузашта, аз ҷониби раҳбарияти олии кишвар мавриди истифода қарор гирифта, дар он 492 нафар кӯдак ба тарбияву нигоҳубини давлат фаро гирифта шудаанд. Аз ин ҳисоб 6 нафар ятими кул, 25 нафар нимятим ва тарбиятгирандагони боқимонда аз оилаҳои ниёзманд мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь