Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо як ҳайаташ давоми чанд рӯзи охир қариб ба 500 кӯдаки маъюб либосҳои тобистона ва пойафзол кумак расонидааст.
Тавре аз донишгоҳи мазкур хабар доданд, ҳамчунин, имрӯз, 2-юми июн, аз тарафи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба 185 нафар кӯдаки маъюби муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб сарулибоси тобистона ва пойафзол кумак расонида шуд.
“Зимни иҷрои амали хайр роҳбарияти донишгоҳ аз шароити зиндагии ин қишри осебпазир аз наздик шинос гардид. Ректор дар оянда анҷоми чунин амалҳои хайру савороб вобаста ба талаботи муассисаи мазкур баён дошт»,- иттилоъ доданд аз донишгоҳи мазкур.
Гуфта мешавад, ки соли гузашта ба ин муассиса аз ҷониби раёсати донишгоҳ 80 адад гармкунаки обӣ ва як адад мошинаи ҷомашӯӣ кумак расонида шуда буд.
Бино ба иттилои масъулини донишгоҳ, то ҷашни Ваҳдати миллӣ тасмим гирифта шудааст, ки чунин кумакҳо ба шахсони маъюб ва дорои имконияташон маҳдуд ба 1000 нафар расонида мешавад.
Ёрии Асрорзода ба 500 кудаки маъюб
Блоки рекламавӣ