Даври нимфинали Ҷоми футболи миллатҳои Осиё-2019 бо ғалабаи дастаҳои Ҷопон ва Қатар ба охир расид.

Дар ин давр дастаҳои мунтахаби Эрон ва Аморати Араб ба шикасти ҳангомавие мувоҷеҳ шуданд. Аввал Ҷопон Эронро торумор кард, сипас Қатар соҳибони мусобиқаро ба хоки сияҳ яксон сохт. Ҷопон се голи беҷавоб ба дарвозаи Эрон зад ва обрӯи дарвозабони таърифии ин дастаро аз байн бурд. Гуфта мешавад, ки баъди ин шикаст сармураббии дастаи Эрон португалӣ Карлуш Кейруш ба истеъфо рафтааст.

Қатар ҳам бо шӯхӣ аввал ду гол ба дарвозаи Аморот зад. Ба назар мерасид, ки соҳибони майдон ба худ омадаанд ва метавонанд, бо гол ҷавоб гардонанд, аммо баръакс шуд. Аморотиҳо ба эҳсосот дода шуданд ва натиҷа ин шуд, ки ду голи дигар ба дарвозаашон сар доданд ва як бозигарашон корти сурх ҳам гирифт. 4:0 ва Қатар ба даври дигар рафт, то маротибаи аввал дар финали Ҷоми Осиё ширкат кунад.

Финали Ҷоми футболи миллатҳои Осиё-2019 рӯзи 1-уми феврал бо ширкати дастаҳои Ҷопон ва Қатар баргузор мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь