Сеюмин китоби шоири муҳоҷири тоҷик Набиҷон Мустафозода бо унвони “Ёди ватан” дар нашриёти “Истеъдод” ба табъ расид.

Китоб бо дастгирии марди сахӣ ва фидоии фарҳанг Директори Иттиҳоди гурӯҳҳои эҷодию консертии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Раҳмонзода ва пешгуфтори шоири номӣ Давлат Сафар нашр шуд. Маҷмӯаи шеърии мазкур аз ғазал, рубоию дубайтӣ, чаҳорпора ва шеърҳои дигари шоир фароҳам омада, дар шеърҳояш ёди ватану модар ва пазмонӣ эҳсос мешавад. Хусусан, оҳанги ғарибӣ дар шеърҳои Набиҷон Мустафозода боло гирифтааст, аммо ёди ватан ва арҷ гузоштан ба ин муқаддасот маъвои бештар дорад. Дидгоҳ ва шеваи махсуси баёни худро дорад ва мисраҳояш содаву равонанд.

Дар эҷодиёти Набиҷон Мустафозода мухаммас низ ҷойгоҳи махсус дорад ва ба ғазалҳои зиёди Лоиқ Шералӣ ва шоирони дигар, чун Равшани Ҳамроҳ ва Озарахш мухаммас бастааст.

“Имрӯз дар майдони пурталотуми адабиёт маъво пайдо кардану ҷилваи эҷод кардан кори осон нест. Мавқеъ пайдо намудан аз эҷодкор ҷонкоҳӣ ва азобу машаққати пайвастаро тақозо мекунад. Зимнан, мухаммасҳо ва рубоиҳои Набиҷон дилнишину гувороянд ва ҳунармандона ба сафҳаи эҷод омада, бо хаёлоти рангин маънидод гардидаанд”, – навиштааст муаллифи пешгуфтори китоб Давлат Сафар.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь