Дар нишасти 194-уми маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, ки 14-уми октябри соли 2021, соати 14.00,  дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии Хуҷанд баргузор  мегардад, аз шоири тоҷик Махсум Олимӣ ёд хоҳанд кард.

Дар барномаи маҳфил сухани ифтитоҳии роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов шуднида мешавад. Сипас, навгониҳои илмиву адабӣ, китобҳои тозанашри ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Шоира Ҳакимова, номзади  илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, муаррифӣ мешавад.

Дар идома бахшида ба 65-солагии шоири шаҳири тоҷик шодравон Махсум Олимӣ бо унвони «Уқоби қуллаҳои некномӣ» аз ӯ ёд хоҳад шуд, ки Нуралӣ Нурзода, доктори  илмҳои филология, профессори  ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, сухан хоҳад кард.

Дар идома Исломҷон Раҳимов, номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дар бораи Абдуҷаббори Хуҷандӣ ва осори илмиву адабии ӯ маъруза мекунад.

Сипас, суханронӣ ва шеърхонии шоири ширинкалом Сурайё Ҳакимова, шеърхонии шоирон Баҳром Мирсаидов ва Шаҳриёр Олимӣ низ шунида хоҳад шуд.

Дар охир бахши фарҳангу мусиқӣ аст, ки суруду оҳангҳо аз ансамбли “Навои ҷавонӣ”-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров садо хоҳад дод.

Супоридани ҳадяҳои раиси вилояти Суғд ба маҳфил анҷом хоҳад бахшид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь