“Агар касе «Ёддоштҳо” ва публисистикаи устод Айниро нахонда бошад,  даъвои зиёӣ буданро  накунад!”, –  гуфтанд профессор Иброҳим Усмонов дар рафти мулоқот бо донишҷӯёни факултети журналистикаи ДМТ, ки бахшида ба ёдбуди  устод Айнӣ дар сари марқадашон доир шуд.

Професссор Иброҳим Усмонов зимни вохӯрӣ аз ҷоннисориҳои устод Айнӣ барои халқу миллат ва давлати Тоҷикистон ёд карданд .

“Устод Айниро гунаҳкор мекарданд, ки хати моро дигар кард. Имрӯз ҳам бархе ҷавонҳо даъво мекунанд, ки Айнӣ хати моро дигар кард. Айнӣ хатти моро дигар накардааст. Устод Айнӣ то охири умр ба хати форсӣ менавиштанд. Хати моро муҳит дигар кард. Бародарони туркизабони СССР, аз ҷумла, қирғизҳову қазоқҳо ва ӯзбекон қарор доданд, ки аз хати арабӣ ба хати лотинӣ гузаранд. Он вақт мо дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон будем. Чун Ӯзбекистон ба ин хат гузашт, мо ҳам дар ин чаҳорчӯба ба хати лотинӣ гузаштем. Соли 1939 бо ташаббуси ҳукумати марказии СССР ҳамаи халқҳо боз ба хати русӣ гузаштем”, –  ба баҳси хат равшанӣ андохтанд профессор Иброҳим Усмонов.

Ба иддае, ки имрӯз ҳам вуҷуд доштани халқу миллати тоҷикро маҳкум мекунанд, профессор Иброҳим Усмонов чунин ҷавоб доданд: “Баъзан бародарони боақли мо, ки имрӯз дар хориҷаанд, ё дар дохиланду аз сиёсати имрӯзаи мо худро дур мегиранд, мегӯянд, ки аслан, тоҷик гуфтанӣ халқ набуд. Онро сохтанд. Ин халқи сохта шудааст. Ин гап дурӯғи маҳз аст. Устод Айнӣ таърихи чандҳазорсолаи моро ҷамъбаст карда, гуфтанд, ки мо тоҷикем, мо тоҷики мусалмонем, бо мардуми Эрон ҳамнажодем, забони мо тоҷикӣ ном дорад. Забони форсӣ забони мост. Аслан, форсие, ки мегӯянд, забони тоҷикии Осиёи Миёна аст, на забони Эрон.  Устод Айнӣ ин ҳақиқатро аз хоктӯдаҳои таърих ёфта, тавонистанд, ки даъвояшонро ба маснад нишонанд”.

Прфессор Иброҳим Усмонов дар такя ба асарҳои устод Айнӣ маънои калимаи тоҷикро барои донишҷӯён чунини шарҳ доданд:

“Устод Айнӣ мегӯянд, ки калимаи тоҷик, калимаи ишоракунанда ба халқи қадимаи давлатдор будани мо аст. Бисёриҳо ба ин  шубҳа мекунанд. Ман гумон мекунам, ки ин гап рост аст. Мисол, шумо ягон араби салладорро дидаед? Араби салладор вуҷуд надорад. Салла ин ҳамон нишона аз ҳамон тоҷи боқимонди мо аст. Н. В. Хаников, олими рус, менависад, ки тоҷикон ҳам дар замони Зардушт  кадом як нишонае доштанд ва ин нишона шояд тоҷе буд дар гардан, ба монанди салибдорҳо, ки  дар гарданашон салиб гирифта мегарданд. Асос ин аст, ки калимаи тоҷик ҳанӯз дар асри  6 пайдо шуд. Онро ба сиёсат баромадан намонданд. Айнӣ ва сиёсати Шӯравӣ онро ба сиёсат бароварданд, яъне тоҷикро сиёсӣ ва давлат карданд”.

Дар идомаи мулоқот журналист, устоди ДМТ Шарифзода Қироншоҳ хабар доданд, ки ду очерки устод Айнӣ “Исёни Муқаннаъ”  ва “Қаҳрамони халқи тоҷик  Темурмалик” ба забони англисӣ тарҷума шудаанд. Рӯзҳои наздик ин асарҳо дар Амрико ба чоп мерасидаанд.

Дар хотимаи ёдбуд профессор Иброҳим Усмонов ба донишҷӯён барори кор хоста, ҳушдор доданд: “Зиндагиатонро ба роҳе пеш баред, ки мисли устоди бузурги мо ба манфиати халқ ва давлати Тоқикистон бошад. Ҳеҷ вақт фаромӯш накунед, ки тоҷикед”.

Файзуллохон Обидов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь