Танҳо дар соли 2020 ҳаҷми пардохти фоизи пасандозҳо дар Бонки Эсхата беш аз 40 миллион сомониро ташкил дод.

Дар ин муддат пасандозгузорон маблағҳои худро тавассути кушодани суратҳисобҳо ба бонк супоридаанд. Ва ин сарчашмаи иловагии даромади мизоҷон ва инчунин воситаи нигоҳдорӣ ва зиёд кардани маблағи онҳо шудааст.

Дар Бонки Эсхата иқдоми нав амал мекунад, ки дар доираи он фоизи пасандозҳо то 16% солона бо сомонӣ ва то 6% солона бо доллари ИМА зиёд карда шуд. Иқдом то санаи 30 июни соли равон эътибор дорад.

Дар ҳолате, ки пулҳои шумо танҳо барои як муддати муайян бекор бошанд, шумо метавонед онро муваққатан ба суратҳисоби пасандозии “Озод” бо 8% солона гузоред. Ин суратҳисоби пасандозӣ капитализатсия карда мешавад, яъне фоизҳоро на танҳо ба маблағи аввалияи пасандоз, балки инчунин ба ҳамаи фоизҳои қаблан ҳисобшуда ҳисоб мекунад.

Шумо метавонед ҳисоби худро дар вақти дилхоҳ ва бароятон қулай бо истифода аз бонки мобилии “Эсхата Онлайн” пур кунед ва бо истифода аз корти бонкӣ ва банкомат пули нақд гиред.

Пасандозҳои Шумо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” суғурта карда мешаванд.

Бояд қайд кард, ки Бонки Эсхата аз ҷониби Бонки Миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки низомсоз эътироф шуда, ба яке аз бонкҳои пешрафтаи кишвар шомил аст. Бонк дорои мукофотҳои зиёди байналмилалӣ мебошад ва ҳамасола аз ҷониби агентии байналмилалии рейтингӣ ҳамчун бонки мунтазам рушдёбанда баҳогузорӣ карда мешавад. Дар ин бора ҳисоботи молиявии бонк низ шаҳодат медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь