Дастаи мунтахаби Эрон баъди бохт аз дастаи ИМА имкони роҳ ёфтан ба марҳилаи плей-оффи Ҷоми ҷаҳон-2022-ро аз даст дод. Рақобати ин тимҳо шаби гузашта, дар доираи даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқа баргузор шуда, бо натиҷаи 1-0 бар суди футболбозони амрикоӣ хатм шуд. Голи ягонаи ин бозиро Кристиан Пулишич дар дақиқаи 38-ум ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “В” Англия ва Уэлс рақобат карда, футболбозони Англия бо ҳисоби 3-0 дастболо шуданд. Баъд аз анҷоми даври сеюми ин марҳилаи мусобиқа, аз гурӯҳи “В” Англия бо касби 7 хол ва ИМА бо гирифтани 5 имтиёз ба марҳилаи плей-оффи Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифтанд. Барои ду дастаи дигари ин гурӯҳ, Эрон ва Уэлс Чемпионати ҷаҳон-2022 ба анҷом расид.

То ин дам, дастаҳои мунтахаби Нидерландия ва Сенегал аз гурӯҳи “А”,  Англия ва ИМА аз гурӯҳи “В”, Фаронса аз гурӯҳи “D”, Бразилия аз гурӯҳи “G” ва Португалия аз гурӯҳи “Н” ба марҳилаи ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2022 роҳхат гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки дастаҳои мунтахаби Эрон ва ИМА дар таърихи Чемпионати ҷаҳон ду маротиба вохӯрдаанд. Соли 1998 ин дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқа рақобат намуда, Эрон бо ҳисоби 2-1 дастболо шуда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь