Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Вазорати корҳои дохилии Эрон рӯзи якшанбе феҳристи шаш номзадро нашр кард, ки иҷозаи ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро дар рӯзи 28-уми июн ба даст овардаанд.

Ба собиқ вакили порлумони Эрон Масъуди Пизишкиён, раиси пешини Вазорати корҳои дохила ва собиқ вазири адлия Мустафо Пурмуҳаммадӣ, узви Шурои муайянкунандаи манофеи сиёсӣ Саид Ҷалилӣ, шаҳрдори Теҳрон Алиризо Зоконӣ, ноиби президент Амирҳусайн Қозизода Ҳошимӣ ва раиси парлумон Муҳаммад Боқир иҷоза дода шуд, ки дар интихобот ширкат кунанд.

Қаблан Шурои посдорони Конститутсия рӯйхати номзадҳоро ба Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод карда буд. Шабакаи телевизионии Press TV ёдовар шуд, ки пас аз анҷоми сабти номи номзадҳо рӯзи 3-юми июн Шурои нигаҳбон номзадҳоро баррасӣ ва ҳайати ниҳоии онҳоро тасдиқ кард. Ба ин ниҳоди болоии парлумонӣ ҳафт рӯз бо иловаи панҷ рӯзи дигар муҳлат дода шуд, ки ин вазифаро ба иҷро расонад.

Тасдиқи номзадҳо ба онҳо ҳуқуқ медиҳад, ки ба сабқати интихоботӣ шурӯъ кунанд.

Ба Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини Эрон ва Алии Лориҷонӣ, раиси пешини порлумон, иҷозаи ширкат дар интихоботро надоданд. Ба гуфтаи Меҳр, онҳо натавонистаанд аз санҷиши Шурои нозирони порлумони Эрон гузаранд.

Интихоботи пеш аз муҳлати раёсатҷумҳурӣ дар Эрон, баъд аз марги президент Иброҳим Раисӣ дар суқути ҳавопаймо, рӯзи 28-уми июн баргузор мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь