Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи табрикӣ ирсол кард.

Эмомалӣ Раҳмон президенти нави Эронро ба муносибати ин пирӯзӣ табрик гуфта, дар барқияи шодбошии худ қайд кардааст, ки Тоҷикистон бо Эрон пайванди фарҳангиву таърихӣ дорад. Дар барқия аз ҷумла омадааст:

«Ба Шумо табрикот ва таманниёти неки хешро ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз менамоям.

Тоҷикистону Эронро арзишҳои безаволи фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд.

Дар ин зимн мо ҳамеша хоҳони таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямон бар асоси усули ҳусни тафоҳум, некхоҳӣ ва эътимоди холисона ҳастем.

Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъулатон дар маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзу дорам».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь