Имрӯз, 1-уми октябр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон рафт. Дар ин бора Хадамоти матбуоти президент хабар дод.

Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи ноҳия аз болои лавҳаи рамзии Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия парда бардошт.

Баъди ифтитоҳи Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия Эмомалӣ Раҳмон 16,1 километр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявиро, ки солҳои дароз таъмирталаб буд, баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дод. Роҳ дар масофаи 13,1 километр то даромадгоҳи шаҳраки “Москва” бо паҳноии 7,5 метр асфалтпӯш гардидааст. Дар доираи навсозии роҳ дар ҳудуди деҳоти Меҳнатобод ва Қаҳрамон 4 пул низ таъмиру навсозӣ гардидаанд.

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ президент дари бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-и ноҳияро ба рӯйи бачаҳо боз кард. Мактаб аз 2 ошёна, 13 синфхона, 2 ҳуҷраи корӣ ва китобхона иборат буда, дар он 528 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҳамадонӣ идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь