Бахшида ба Рӯзи ҷавонон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз паёми шодбошӣ ироа кард ва аз ҷавонон сидқан ва самимона дӯст доштани Ватан ва ифтихор аз онро хост.

«Ватанро сидқан ва самимона дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар кадоми шумо – ҷавонон бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳед», – гуфт президент.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, дар назди ҷомеа, ки қисми асосии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, масъалаҳое вуҷуд доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ, ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин, то рафт вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ аз ҷавонон, пеш аз ҳама, зиракии сиёсӣ, дониши амиқ, забондонӣ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тақозо намуда, масъулияти ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи амнияти давлату миллат ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамоянд.

Президент изҳори итминон кард, ки ҷавонони ватандӯсту ватанпарасти кишвар аз уҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздашон гузошта сарбаландона мебароянд ва минбаъд низ дар ҷодаи ободонии Тоҷикистон ва пешрафта гардонидани давлати тоҷикон содиқона хизмат мекунанд.

Ёдовар мешавем, аз соли 1997 инҷониб ҳамасола 23 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь