Дирӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ аз шаҳри Брюссели Белгия ба Ҷумҳурии Фаронса сафар кард.

Дар ин сафар ӯро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиаш дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар назар аст, ки дар доираи сафари расмӣ Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ҷумҳурии Фаронса Эманнуэл Макрон ва роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқоту вохӯрӣ доир кунад.

Ҳамчунин, дар доираи сафар Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии фарҳангии Намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон — кишвари рӯдҳои тиллоӣ” ва Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь