Дар эъломия Ҷабҳа хостори низоме шудааст, ки ба иродаи мардум ва тавассути прусаи машрӯъ ва қонунӣ рӯйи кор омада бошад. Ҷабҳаи муқовамат барои гузор аз вазъияти мавҷуд ба вазъияти матлуб саъй менамояд, то Худо бихоҳад, рӯзе шоҳиди баргардондани машрӯъият ва сулҳи пойдор ба Афғонистон бошад, омадааст дар идомаи эъломия.
Матни пурраи ин эъломия чунин аст:
№Бисмиллоҳи раҳмони раҳим
Ҳаммеҳанони азиз, сангардорон ва муқоваматгарони далер,
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳу ва баракотуҳу!
Нахуст аз муқовамат ва идомаи истодагии пуршукуҳатон дар баробари таҳоҷум, террор, ҷанг, ҷаҳолат, зулм ва ишғол қалбан сипосгузорем. Эътирозҳои пайиҳаму густурдаи мардумӣ ва мадании шумо дар шаҳрҳои Афғонистон ва гӯша-гӯшаи ҷаҳон, ки дар пайи фарохони муқовамати сартосарӣ анҷом ёфт ва аз ҷону амнияти хеш дар ин роҳ моя гузоштед, фасли ҷадидеро дар таърихи ин сарзамин ва муносиботи дохиливу хориҷии кишвар гушуд. Фарёди баланди адолатхоҳии занону хоҳарони шуҷоъ ва боҳимматамон дар баробари зулм, табъиз, истибдод, ҷуғрофияи Муқоваматро сартосарӣ сохт ва ба як доияи милливу инсонӣ мубаддал намуд.
Ин ҳама муқовамат ва истодагариҳои шумо мардуми сарафроз дар матни таҳаввулоти геополитикии бузурги минтақа, умед ва уфуқи тоза барои сарзамину миллати мо офарид ва ҷони дигаре бахшид, ки иншоаллоҳ, дар ин масир ҳама бо ҳам ва то охири роҳ ҳаракат хоҳем намуд ва ба ёрии Парвардгор ва ҳиммати волои шумо то пирӯзии ниҳоӣ идома хоҳем дод. Натиҷаи истодагӣ ва эътирозоти шумост, ки ҷаҳон аз ба расмият шинохтани «Толибон» имтиноъ намуд.
Бародарон ва хоҳарон!
«Толибон» бо идомаи иртикоби ҷароиму ҷиноёт, куштори золимонаи мардуми мулкӣ ва мансубини низомӣ, саркӯбгарӣ ва эъдомҳои саҳроӣ, ғасбу чаповули дороиҳои омма, таҷовуз бар ҳарими шахсии мардум, аъмоли сиёсати табъиз, таассубу таҳаҷҷур ва даҳҳову садҳо рафтори хашини дигар талош доранд, то садои ҳаққталабона ва озодихоҳонаи моро хомӯш созанд. Қатли оми намозгузорон дар масҷиди ҷомеъи Сайидободи Қундуз, кӯчдоданҳои иҷбории мардуми мулкӣ аз хонаҳо ва амлокашон, ба вежа дар вилоятҳои Кандаҳор, Балх, Дойкундӣ ва минтақаи Андаробҳо, нопадидсозии афрод ва қатлҳои дастаҷамъӣ дар вилояти Панҷшер ҳама мисдоқҳои равшани ҷароими ҷангӣ, наслкушӣ, поксозии қавмӣ ва ҷиноят алайҳи башарият аст.
Рӯйи ҳамин мулоҳизот, Ҷабҳаи муқовамати миллӣ аз созмонҳо, муассисот ва ниҳодҳои миллӣ ва байналамлалӣ тақозо дорад, то иқдомоти лозиму оҷилро ҷиҳати расидагӣ ба вазъи риққатбори башарӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсонӣ ва хатми ҷиноёти ин гурӯҳи террористӣ, рӯи даст гиранд.
Ҳамватанони гиромиқадр!!!
Мо аз мавзеъгириҳои мантиқӣ ва муносиби кишварҳои ҷаҳон дар қиболи расмият надодан ба идораи толибонӣ ва таъкид рӯи ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон истиқбол менамоем ва интизор меравад, ки ин сиёсати адами шинохт бо қотеъият ҳамчунон идома ёбад. Бидуни шак, Афғонистон ниёзманди ташкили як давлати воқеии фарогир, бархоста аз иродаи миллат ва муташаккил аз ақвоми мутанаввеъ мебошад, то аз ҳуқуқи асосӣ ва мутолиботи воқеии мардум намояндагӣ карда битавонад.
Ҳамватанони огоҳ ва бедор!!!
Тавофуқоти пинҳонӣ дар ҷараёни музокирот бо «Толибон» ва зери чатри мусолиҳаи миллӣ, ки мардуми мо ҳаққи донистани онро доштанд, аз як тараф ва таслимдиҳии ҳукумат ба «Толибон» тавассути Ашраф Ғанӣ ва фирори вай бо супурдаҳои мардум, ки мисдоқи хиёнати миллӣ аст, аз ҷониби дигар, сабаби фурӯпошии низом, аз байн рафтани дастовардҳои мардум ва суқути кишвар ба домани ифротгароӣ ва терроризми хунхор гардид.
Ҷабҳаи муқовамати миллӣ хостори низоме аст, ки ба иродаи мардум ва тавассути прусаи машрӯъ ва қонунӣ рӯйи кор омада бошад. Ҳамчунон кӯшиш ва ҳамкорӣ барои ҳаросат аз машрӯъияти кишвар ва тасбити ҷойгоҳи муаззами Афғонистон дар ҷаҳонро зарур дониста ва дар ин росто талош дорад, то дар ҳамкорӣ бо соири неруҳои матраҳи кишвар иборат аз раҳбарони сиёсӣ ва шахсиятҳои ҷиҳодӣ, чеҳраҳои хушноми Ҷумҳурии исломии Афғонистон, намояндагони мардум дар Маҷлиси Шӯрои миллӣ, уламои ростини кишвар, занони далери меҳан, бузургон ва мутанафзини ақвом, фармондеҳону афсарони шуҷоъи низомӣ, андешаварзон ва нухбагони фарҳангӣ иқдомоти лозими худро дар маҳори буҳрони ношӣ аз фурӯпошии низом рӯйи даст гирад. Ҷабҳаи муқовамат барои гузор аз вазъияти мавҷуд ба вазъияти матлуб саъй менамояд, то Худо бихоҳад, рӯзе шоҳиди баргардондани машрӯъият ва сулҳи пойдор ба Афғонистон бошем.
Ҷабҳаи муқовамат миллӣ бо боварӣ ба қироати мӯътадил аз дину мақосиди шариат ва ба хотири дифоъ аз сарзамин, истиқлолият, ҳуқуқ ва арзишҳои инсонӣ, бар зидди ифротият, терроризм, таҷовуз ва ишғол мубориза намуда ва менамояд, ки ҳазорон тан аз шарқ то ғарб ва аз шимол то ҷануби кишвар, ба шумули Қаҳрамони миллии кишвар ва Устод Рабонии шаҳид қурбониёни ин роҳи барҳақ будаанд.
Аз ҳамватанони гиромӣ тақозо мекунем, то барои наҷоти кишвари азизи мо аз ин марҳалаи душвор, иттиҳод ва ҳамбастагии худро ҳифз кунанд. Бо иродаи қавӣ ваъда месупорем, ки то ҳангоми расидан ба аҳдофи машрӯъ ва барҳақи мардуми хеш, аз мубориза ва муқовамат даст бар нахоҳем дошт.
Ба умеди пирӯзӣ
Аҳмад Масъуд
Сешанбе, 20 мизони соли 1400 (12 октябри соли 2021)