Дар Осорхонаи миллӣ Форуми байналмилалӣ бахшида ба 120-солагии коргардон, ҳунарпеша ва асосгузори кинои тоҷик Комил Ёрматов таҳти унвони “Эҳёи синамо” баргузор шуд.

Форум мазкур дар доираи Синамоҷашнвораи байналмилалии якуми Душанбе “Тоҷи Сомон” сурат гирифт. Дар Форум  синамогарон, киношиносон ва мутахассисон соҳа дар бораи фаъолияти Комил Ёрматов дар Тоҷикфилм  суханронӣ карданд. Аз ҷумла, Саноат Азизова, киношинос, ки ин маҳфилро барандагӣ мекард, бори дигар Комил Ёрматовро ба меҳмонон ва насли ҷавон бо хотираҳояш ошно кард.

Дар навбати худ Саъдулло Раҳимов, доктори илми фалсафа, киношинос низ дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Комил Ёрматов суҳбат кард.

Сайёрам  Исоева, Ҳунарманди  халқии Тоҷикистон, дар мавриди ҳамкориаш   бо Комил Ёрматов дар филми  “Тани танҳо миёни одамон” истеҳсоли «Узбекфилм», ки  нақши Нодирабегимро офаридааст, нақл кард.

Ҳамзамон, дигар ёру дӯстон аз миёни меҳмонон, ки Комил Ёрматовро мешинохтанду бо ӯ ҳамкорӣ доштанд дар ин рӯз ёде аз ӯ карданд .

Дар форуми мазкур китоби “Возвращение”-и Комил Ёрматов рӯнамоӣ  гардид. Тилло Некқадам, журналист ва киношинос мегӯяд, китоби мазкур аҳамияти баланди илмӣ, таърихӣ ва ватандустӣ дорад. Ба таъкиди ӯ,  тавассути ин  китоб насли наврасе, ки Комил Ёрматовро надидааст, тавассути хотираҳои нигоштаи ӯ аз беҳтарин лаҳзаҳои ҷавонӣ, таҳсил дар Маскав, фаъолияти нахустини кориаш дар  “Тоҷикфилм” ва фаъолияти минбаъдааш дар «Узбекфилм»,  ки муфассал дар китоб  тасвир шудааст, огоҳ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии  Душанбе  «Тоҷи Сомон»  аз 15-ум то 19-уми октябри соли 2023 баргузор шуд,а он таҳти  шиори  “Таърихи рушди тоҷикон” мегузарад.

Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии  Душанбе  «Тоҷи Сомон» ба Рӯзи кинои тоҷик бахшида шуда, он бо ибтикори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  баргузор мешавад.

А. Раҳмонов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь