Чӣ гуна аз хидматрасонии онлайнии фармоиши сафарҳои Yandex Go дар шаҳри Душанбе истифода бояд кард?

Шуруъ аз 15-уми феврали соли равон хидматрасонии онлайнии фармоиши сафарҳои Яндекс Go дар шаҳри Душанбе ба кор даромад. Ин хидматрасонӣ чӣ гуна аст ва оё фаъолияташ  дар ҷумхурӣ қонунӣ аст ва ба гаштугузори мошинҳои Яндекс GO иҷозат ҳаст ё не?. Бо чунин саволҳо ба дафтари матбуотии ин хидматрасонӣ муроҷиат кардем.

– Оё хидматрасонии шумо мувофиқи қонунгузориҳои ҶТ сурат мегирад? Чунки қаблан чунин хидматрасонӣ дар кишвар набуд…

Хидматрасонии онлайнии фармоиши сафарҳои Yandex Go ба талаботи қонунгузориҳои ҶТ ҷавобгӯ аст.  Яндекс GO –хидматрасонии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Мо дар ҳамкорӣ бо ронандаҳое фаъолият мекунем, ки ба ҳамлу нақли мусофирон сару кор доранд, Дар робита ба фаъолият оғоз намудани Яндекс GO масъулини он  гуфтанд, ки мақомоти дахлдори кишвар ҷиҳати ба кор оғоз кардани хизматрасонии онлайнии фармоиши сафарҳои Yandex Go дар шаҳри Душанбе огоҳанд.

– Ронандагон бо шумо чӣ гуна пайваст мешаванд? Ба воситаи шарикон? Оё онҳо иҷозатнома доранд?

-Шарикони мо бо ҳамлу нақл сарукор дошта, ба интихоби ронандаҳо машғуланд. Барои иҷро кардани дархост ва ё фармоиш  мувофиқи қонунҳои чумҳурӣ пешниҳоди иҷозатнома, ва як қатор талаботи дигар, аз ҷумла ба қайд гирифтани автомобил, ранг, рақамҳои қайди давлатии мошин ва ғайра талаб карда мешавад. Ронандахо аз чумла ба воситаи замимаи назорати суратгирӣ дархост кабул мекунанд. Муҳимтар аз ҳама барои мо он аст, ки ронандаҳо бояд мувофики қонунгузории кишвар фаъолият намуда, дар доираи шарту шароити ин ширкат кор фармоишҳоро қабул кунанд.

– Барои фармоиш додани наќлиёт аз ин ширкат чӣ бояд кард?

– Барномаи ройгон  барои iOS ва Android бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва дигар забонҳо дастрас аст. Ба бақайдгирии фаврӣ гузаред, рақами телефонро илова кунед, суроғаи почтаи электронии худро пайваст кунед. Ҳангоми фаъол кардани ҷуғрофияи хидмат макони шуморо ба таври худкор муайян мекунанд ё шумо метавонед онро дастӣ ворид кунед. Баъдан, шумо бояд суроғаеро, ки ба он ҷо рафтан мехоҳед, муайян кунед. Системаи мо ронандаеро муайян мекунад, ки зудтар меояд. Шумо метавонед пули сафарро бо пули нақд пардохт кунед. Арзиши сафар пешакӣ маълум аст, – вақте ки шумо дар ариза суроғаи макони таъиншударо ворид мекунед, арзиши сафар маълум мегардад.

Арзиши хидматрасонӣ чӣ қадар аст?

– Нархи хидматрасонии “Яндекс GO” аз 10 сомонӣ оғоз мегардад ва муштариён метавонанд бо нишон додани нишонии дурусти худ ва нуқтаи расидан ба макони лозима, арзиши хидматрасониро аз қабл маълум намоянд. Мусофирон метавонанд пули сафарро ба таври нақдӣ пардохт кунанд, арзиши сафар бошад, пешакӣ маълум аст — барои ин танҳо ворид кардани суроғаи ҷои таъиншуда кифоя аст. Масалан, аз майдони Садриддин Айнӣ то Кохи Наврӯз тақрибан 16 сомонӣ ва аз фурудгоҳи шаҳр то меҳмонхонаи Hyatt Regency 26 сомонӣ арзиш дорад.

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь