Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон дар нишастӣ хабарӣ гуфт, дороиаш ватани тинҷу ором, аҳли байт ва як хонаю як мошин аст.

Холиқзода Рустам, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, имрӯз, 9 феврал, дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО аз дороиҳои худ чунин гуфт:

– Дороии ман ватани тинҷу ором, як  хона аз падарам аст, як мошин ва оилаам мебошад.

Бояд гуфт, ки Холиқзода Рустам то расидан ба вазифаи раиси ноҳияи Балхӣ ба сифати муовини раиси ин ноҳия кор мекард ва дар ин вазифа Холмурод Раҳмонро иваз кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь