Дар ҳоле ки мардуми Тоҷикистону Қирғизистон ва нухбагони олам аз тамосҳои раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати иҷрои мувофиқа дар мавриди оташбас истиқбол, барои талафоти ҷонӣ изҳори тасаллият ва ба захмиён шифои оҷил карда истодаанд, “чеҳраи ошно”, мансабдоре, ки солиёни зиёд паси панҷараи зиндон буд – Феликс Қулов “обро лой карда, моҳӣ гирифтанист”.
Аз он нигаронам, ки касе аз масъулин, хоса онҳое, ки посух гуфтан ба чунин ҳарзаҳо вазифаи ҷониашон аст, ба “иддао”-и ин нафақахӯр вокуниш накарданд.
Андешаи дигаронро арҷ мегузорам, вале камина ба он назарам, ки “дар ҷояшон шинондан”-и қуловмаобон дар шароити кунунӣ (манзур марҳилаи иҷрои муқаррароти созишҳои ҳосилшуда аст) зарур ва ногузир мебошад…
Агар кору пайкори ин “дилсӯз-и миллати қирғизро пайгирӣ намоем, ба ғайр аз ибораи “собиқ” чизи дигаре ба зеҳн намеояд.
Ба ҷои дарёфту рафъи манбаи зуҳури мушкили мазкур собиқ зиндонӣ, собиқ вакили Жогорку Кенеш (парлумон) ва собиқ Сарвазири Қирғизистон Феликс Кулови “аз ҳама касу ҳама чиз норозӣ” Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷанг алайҳи кишвараш муҷрим донистааст.
Ҳазённомаи Қуловро шарҳу тавзеҳ намедиҳам ва ҷумлаҳои тумтароқашро иқтибос намеорам. Зеро арзиш надоранд ва аз ҷониби дигар бо ёдрас шудану иқтибос овардани онҳо дар паҳн гардиданашон саҳим хоҳем буд. Ин нуктаро ҳамаи онҳое, ки вобаста ба чунин масоил матлаб иншо намуданианд бояд мадди назар дошта бошанд.
Ин сафсатапарокании Қулов ба хотирам матлаби 17-уми феврал дар саҳифааш, дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” коштаро овард. Дар он матлаб Қулов таҷрибаи давлатдории кишвари моро ситоиш карда, онро барои мардуми қирғиз намуна арзёбӣ карда буд.
Он вақт “Робин Гуд”-и қирғиз аз он ки дар Қирғизистон баҳс сари масоили динӣ ва мухолифатҳои руҳониён дар дохил, аз ҷумла, мухолифати аъзои Шӯрои уламо бо муфтии он кишвар авҷ гирифтааст, изҳори нигаронӣ намуда, тавсия дода буд, ки “дуруст мебуд агар дар робита ба ин масъала мардуми кишвараш таҷрибаи мардуми бародари Тоҷикистонро ба инобат мегирифтанд”.
Сиёсатмадори ранҷида ва узлатнишини қирғиз таъкид карда буд, ки “дар Қирғизистон вақтҳои ахир мавзӯъҳои динӣ бештар бардошта мешаванд ва муттаасифона бояд гуфт, ки ин масоил ҳарчӣ бештар мардум ва миллатро аз ҳам ҷудо мекунад. Дар Тоҷикистон ҳам чунин шуда буд».
Дар идома навишта буд, ки : “Аввал ба назар мерасид, ки муттаҳид кардани пайравони тундрави ислом ва мухолифони онҳо, ки ҳоло онҳоро тарафдорони дунявият меноманд, ғайриимкон аст.”
Муҳимтар аз ҳама, Феликс Қулов ба усули ҳукуматдории мо баҳои баланд дода минҷумла гуфта буд, ки шиоре, ки сабаби оштӣ ва муттаҳид шудани мардуми тоҷик шуд, ин буд, ки “Манофеи миллат бояд аз манофеи дин боло гузошта шавад”.
Ҳоло андешааш баръакс аст. Магар ин аст як бому ду ҳаво нест!?
Ин сиёсатмадор бояд беҳтар аз дигар қирғизҳо донад, ки 21 сентябри соли 2000 комиссияи байнидавлатӣ оид ба делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон таъсис ёфта, ба фаъолият оғоз намуда буд. Вале аз рӯзи аввали таъсис ёфтани комиссияи мазкур ҷонибҳо дар масоили истифодаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сари созиш омада натавонистанд.
Қулов бояд хуб дар хотир дошта бошад, ки он вақт ҷониби Тоҷикистон истифодаи маводи марбут ба тақсимоти миллӣ – территориявии солҳои 1924 -1927 – ро пешниҳод кард, вале Қирғизистон исрор варзид, ки қарори комиссияи муштараки соли 1989 истифода гардад.
Феликси “оҳанин” шояд шоҳиди ҳол буд, ки ҷониби Тоҷикистон дар мавқеи худ устувор истода, бо қатъият талаб намуда буд, ки қарори комиссияи муштараки соли 1989 аз марҳалаҳои ҳуқуқӣ нагузаштааст ва бинобар ин наметавонад санади меъёрии ҳуқуқӣ бошад.
Собиқ Сарвазири Қирғизистон наметавонад инкор намояд, ки 18 октябри соли 2006 дар мавриди истифодаи санадҳо оид ба тақсимоти миллӣ – территориявии солҳои 1924 – 1927 ва қарори комиссияи муштараки соли 1989 дар муайянсозии хати марзи давлатӣ дар қитъаҳое, ки ба ҳарду санад мутобиқанд, ҷонибҳо ба тавофуқ расида буданд.
Кунун далели бебаҳс гардид, ки маҳз бо таҳрикбахшии ашхосе, амсоли Қулов ҷониби Қирғизистон муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки соли 1989 қабул шуда, қаблан ба он такя мекард, якбора инкор намуд.
Масалан, қитъаи Овчи – Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки дар мавзеи тақсими об аст, мутобиқи ҳуҷҷатҳои солҳои 1924 – 1927 ва 1989 ҳудуди Тоҷикистон мебошад. Ҳоло ҳамсоякишвар ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1958 – 1959 такя намуда, иддао мекунад, ки қитъаи мазкур ба ӯ тааллуқ дорад.
Ҳамон вақт нодида гирифта буданд, ки дар «Харитаи ҳудудҳои баҳсбарангез»-и ҳарбии бойгонии шӯравие, ки Тоҷикистон дастрас кардааст, аз дара (бо нишебии кӯҳҳо) ва гиреҳи обанбор, ҷое ки ҷониби Қирғизистон ҳоло қасди сохтани роҳро дорад, ҳудуди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. “Чекист” Қулов хуб медонад, ки ин ҳолат дар харитаи ҳарбии Амрико дар соли 1955 ҳам тасдиқ шудааст.
Дар ҷаҳони муосир пиар, ки аз сафед ва сиёҳ таркиб ёфтааст, падидаи маъмул буда, аз васеъ истифода ва дар баъзе ҳолат суиистифода мешавад.
Кор то ҷое расидааст, ки баъзе “ситора” ба ном сиёсатмадорон барои мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтан худро музлиму мардумро мавриди таҷоҳум қароргирифта арзёбӣ карда, ба ин васила мехоҳанд аз худ “дарак” диҳанд.
Шакке нест, ки Феликси “оҳанин” аз ҳамин “усул” истифода карданист. Ба ибораи дигар, Қулов, ки “зери табле дигарон рақсидан”-аш далели бебаҳс аст, барои зери суол бурдани ибтикор ҷиҳати аз байн бурдани ихтилофи марзӣ, тавтеа эҷод карда истодааст.
Рӯҳияи мардуми қирғиз моро боварӣ мебахшад, ки онҳо андешаҳои ин тоифаро, ки маҳз бо айбашон проблемаи мазкур шакл гирифт, ба як пули пучак намегиранд.
Далер Мерганов,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”
Блоки рекламавӣ